Имрӯз, 3 - юми январи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Академия иштирок ва баромад намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон зимни баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд.
Дар ҳамоиши илмӣ - амалӣ гуфта шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ, махсусан соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт, илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешвои муаззами миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат баҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин қайд карданд: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
Албатта, ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба бунёд кардани муассисаҳои таҳсилоти томакабӣ ва умумӣ танҳо дастгирии соҳаи маориф нест, балки як стратегияи бузургест, ки дар он насли донишманд, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар ба воя мерасанд. Дар татбиқи ин ҳадафи некбинона бояд тамоми қишри ҷомеа, ки ояндаи боз ҳам дурахшони давлату миллати тамаддунофари тоҷикро дидан мехоҳанд, бетараф набошанд. Зеро, тадбири мазкур бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина инкишоф додани инфрасохтори замонавӣ дар деҳоти мамлакат мусоидати фаъол хоҳад кард. Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои миллат ишора намуданд, ки “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Ректори Академия иброз доштанд, ки дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардои дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон муайян месозад.
Қайд карда шуд, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Дар ҳамоиш омӯзгорони Академия вобаста ба масъалаҳои эълон солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда иброз доштанд.