Раҳмонзода Диловар Раҳмон
Сардори раёсати молия ва баҳисобгирӣ
Телефон: +992 228-90-71; 989-11-87-85
E-mail: dr.rakhmonzoda@gmail.com
Раёсати молия ва баҳисобгирӣ ҷузъи таркибии Академияи идоракунии давалатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Оинномаи Академия амал намуда, дар фаъолияти кори хеш меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ва фармоишҳои ректори Академияро ба роҳбарӣ мегирад.
Вазифа ва ӯҳдадориҳои Раёсат
Раёсат вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- пешбурди ҳисоботи мубоҳисавӣ, назорати мақсадноки захираҳои моддӣ ва молиявии Академия;
- Ташакулли раванди пурра ва саҳеҳ дар бораи хоҷагидорӣ ва натиҷаи фаъолияти Академия;
- Таъмини назорати истифодаи мақсадҳои ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва молиявӣ, саривақт ошкор намудани падидаҳои номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, пайдо ва равонасозии захираҳои дохилии хоҷагӣ;
- Пешгирии натиҷаҳои номатлуби фаъолияти хоҷагидории Академия;
- Омодасозӣ ва ба роҳбарият пешниҳод намудани маводҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳисоботи мубоҳисавӣ дар Академия;
- Ташкили ҳисоботи мубоҳисавӣ ва ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси истифодаи василаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шакл ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ ва назорат, ташкил ва пешниҳоди саривақтии иттилооти пурра ва саҳеси мубоҳисавӣ дар бораи фаъолияти Академия, вазъи молиявии он, даромадҳо ва хароҷот, коркард ва амалисозии чорабиниҳо ва мустаҳкамсозии интизоми молиявӣ;
- саривақт тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Академияро бо музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, мукофотпулиҳо ва ѓайраро таъмин мекунанд;
- Барои қабул ва хароҷоти дурусти саривақтии материалҳои қимматнок, инвентаризатсия (ҳисобу китоб)-и воситаҳои пулӣ, фондҳои асосӣ, ҳисобу ӯҳдадориҳо, ситонидани қарзҳои дебиторӣ ва барҳамдиҳии қарзҳои кредиторӣ, хароҷоти фонди маош ва дигар хароҷотҳо доимо назорат мебарад;
- Лоиҳаи нақшаи кории дурнамо ва солонаи муҳосиботро бо назардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияташ ва ҳисоботи корашро тартиб медиҳад;
- Ҳисоби амвол, амалиётҳои хоҷагидорӣ, мавлағҳои асосии воридгардида, арзиҳои моли моддӣ ва мабағҳо, инъикоси саривақтӣ дар ҳисобҳои мубоҳисавии марбут ба гардиши онҳо, ҳисоби хароҷотҳои истеҳсолӣ ва гардиш, иҷрои сметаи хароҷот, натиҷаи фаъолияти молиявию хоҷагидории маъмурият ва инчунин амалиётҳои молиявӣ ва ҳисобу китоб;
- иштирок дарванди курсҳои такмили, тайёркунии касбӣ, азанавтаёркунӣ, такмили ихтиссос ва таҷрибаомузиии хидматчиёни давлатӣ;
- таъмини қонуният, барасмиятдарории саривақтӣ ва дурусти ҳуҷҷатҳо, музди меҳнат, ҳисоб ва пардохти андозҳо;
- назорат аз болои риояи талаботи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аввалияи мубоҳисавӣ, ҳисоб ва уҳдадориҳои пардохти, харҷи фонди музди кор, гузаронидани баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, арзишҳои молию моддӣ ва мабалғҳо, санҷиши ташкили ҳисоботи мубоҳисавӣ ва банақшагирӣ;
- Таъмини риояи қатъии харҷҳои басти корӣ, молиявӣ ва интизоми хазинавӣ, сметаи харҷҳои молиявию хоҷагидорӣ, қонунӣ будани аз эътибор соқитнамоӣ, камбудиҳо аз ҳисобҳои ҳисоботи мубоҳисавӣ, қарзҳои дебиторӣ ва талафҳои дигар, ҳифозати ҳуҷҷатҳои мубоҳисавӣ, барасмиятдарорӣ ва тибқи тартиботи муқарраргадида супоридан ба бойгонӣ;
- Назорати сахти интизоми захиравӣ ва ҳисобӣ, хароҷоти таъинии маблаѓҳои бонкӣ, иҷроиши тартиби муайяни баррасии чекҳо ва нигаҳдории дафтарчаҳои чекиро таъмин мекунад;
- Тартиб додани ҳисоботҳои фаврии ҷамъбастии тавазунӣ оид ба даромадҳо ва хароҷот, оид ба истифодаи буҷет ва дигар шаклҳои ҳисоботдиҳии мубоҳисавию оморӣ ва пешниҳоди онҳо тибқи муқаррарот ба мақомоти марбута;
- Усулҳои пешқадами ташкили меҳнат ва идоракуниро дар муҳосибот ҷорӣ мекунад.
Дар сохтори раёсати молия ва баҳисобгирии муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохторҳои зерин фаъолият намуда истодаанд:
1. Шуъбаи музди меҳнат;
2. Шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷӯёни шартномавӣ;
3. Шуъбаи молу амвол.