МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТҲОИ МУҚОВИМАТКУНАНДА БА КОРРУПСИЯ

Зарипов Абдукарим Хасанович

Директори Марказ

Тел: (+992) 903706970

E-mail: law2023apa@gmail.com

Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) дар асоси фармоиши Ректори Академия аз 02 декабри соли 2017, №170/01 дар заминаи Академияи (собиқ Донишкада) идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Қарори Шӯрои миллии муқовмат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2016 таъсис дода шудааст.

Марказ фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2020, №1463 тасдиқ шудааст, Низомномаи Марказ, ки бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2020 №3/9 тасдиқ гардидааст  ба амал мебарорад.

Бояд тазаккур дод, ки Маркази ҳамчун воҳиди сохтории Академия корбарӣ ва ҳамоҳангсозии иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» ро ба уҳда дошта, баҳри фароҳам овардани шароит барои ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шахсони муттасадӣ оид ба таъмини иҷрои Стратегияи зикргардида масъул мебошад.

Марказ ҷиҳати самаранокии фаъолият ҳамкориро бо дигар мақомоти давлатӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла,  аз рӯи лоиҳаи “Мусоидат ба амалисозоии  Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо  шарикони рушд Дафтари Барномаҳои САҲА дар ш.Душанбе дар асоси созишномаи муштарак фаъолият менамояд.

СОХТОРИ МАРКАЗ:

Шӯрои машваратии Марказ;

Директори Марказ;  

Муовини директори Марказ;

Ҳайати техникӣ ва иҷроия;

Тренерон ва ҳамоҳангсозон.

МАҚСАД ВА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

Мақсади асосии фаъолияти Марказ фароҳам овардани шароит, ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, бозомӯзӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандон (хизматчиёни давлатӣ)-и мақомоти бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва кормандони мақомоте, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд.

Марказ дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

- Ташкил ва гузаронидани курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби кормандон (хизматчиёни давлатӣ) дар самти муқовимат ба коррупсия;

- Роҳандозии вохуриву чорабиниҳои оммавӣ бо мақсади пешгирии кирдоҳои коррупсионӣ байни донишҷӯён, магистрантон ва кормандони Академия;

  • Аз ҳисоби омӯзгорону кормандон ва магистрантону докторантон омода намудани мутахассисон (тренерони миллӣ) дар самти муқовимат ба коррупсия;
  • Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-амалӣ (конференсия, мизҳои мудаввар ва семинар) дар самти муқовимат ба коррупсия;
  • Таҳияи модулҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
  • Анҷом додани таҳқиқотиҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳлилӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
  • Иштирок намудан дар чорабиниҳои тарғиботӣ ва оммавӣ бо мақсади кам намудани таъсири коррупсия ва ташаккули фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
  • Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақмоти давлатӣ, ташкилоту созмонҳо, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти муқовимат ба коррупся.

Маҳалли ҷойгиршавӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, бинои Академия утоқи 911 (ошёнаи 9);