Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Бобозода Одилҷони Олим

Сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ

Тел: (+992) 906-07-00-01

E-mail: odiljon0990@mail.ru

 

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар сохтори раёсати илм ва инноватсия Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Низомномаи Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба унвонҷӯён ва доктарантони PhD шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Т-ИФ №0001786 (аз 24.01.2022, №55) дар зинаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос 15-ихтисос ва дар зинаи докторантураи анъанавӣ 10-ихтисос барои анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият менамояд.


РӮЙХАТИ ИХТИСОСҲО ДАР ЗИНАИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PHD), ДОКТОР АЗ РӮИ ИХТИСОС:
1. 6D011500 – асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт;
2. 6D020200 – муносибатҳои байналмилалӣ;
3. 6D030100 – ҳуқуқшиносӣ;
4. 6D030102 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ;
5. 6D030104 - ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ;
6. 6D030109 – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ;
7. 6D030201 – ҳуқуқи байналхалқӣ; ҳуқуқи аврупоӣ;
8. 6D050200 – сиёсатшиносӣ;
9. 6D050204 – проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ;
10. 6D050600 – иқтисодиёт;
11. 6D051001 – идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ;
12. 6D051100 – маркетинг;
13. 6D052000 – бизнес – маъмуриятчигӣ;
14. 6D070203 – идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.
15. 6D100201 – методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ;


РӮЙХАТИ ИХТИСОСҲО ДАР ЗИНАИ ДОКТОРАНТУРАИ АНЪАНАВӢ:
1. 07.00.02 – таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати берунӣ;
2. 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ;
3. 08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳои назарияи идоракунии системаҳои иқтисодиёт, макроэкономика, менеҷмент, маркетинг, иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо, идоракунии навовариҳо, иқтисодиёти минтақавӣ, иқтисодиёти меҳнат, иқтисодиёти миллӣ ва демография, иқтисодиёт ва идоракунии КАС);
4. 08.00.10 – менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ;
5. 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат;
6. 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсион; мурофиаи судии конститутсионӣ ва ҳуқуқи мунисипалӣ;
7. 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;
8. 12.00.04 – ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи буҷетӣ;
9. 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминалогия, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
10. 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ.


Инчунин, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ қабули имтиҳонҳои номзадӣ дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ, фалсафа ва фанҳои гуманитарӣ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.