Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр

 

      

 

Самти фаъолияти шуъба

Шуъбаи таҳрир ва табъу нашри аз сардори шуъба, 2 сармутахассис, 1 мутахассиси пешбар ва мутахассис иборат мебошад.

- сармутахассис- Одилова Заррина Рабимовна;

- мутахассиси пешбар – Саидов Маъруф;

- мутахассис (05) Муродқулов Рақибҷон

- мутахассис (05) Раҳмонзода Шодмони Нуридин

Шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, фаъолияташро дар заминаи қонунгузории ҷорӣ, фармоишҳои Ректори Академия, низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Академия, факултетҳои он, васоити ахбори оммаи ватанӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, анҷом медиҳад.

Яке аз вазифаҳои асосии шуъба ин пешниҳоди мақолаҳо, изҳороту вокунишҳо ба рӯзномаҳои кишвар, инчунин, дар маҷалла, рӯзнома ва сомонаи Академия дар мавзуҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми давлатӣ, тарғиби ҳадафҳои созандаю бунёдкориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар роҳи худшиносии миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад.

Дар назди шуъба маҷаллаи илмии “Идоракунии давлатӣ”, рӯзномаи “Сарвар ва миллат” ва сомонаи Академия “apa.tj” фаъолият менамояд. Маҷаллаи илмии “Идоракунии давлатӣ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 таъсис ёфтааст. Маҷалла, дар як сол 4 шумора бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.

Маҷаллаи илмии “Идоракунии давлатӣ” дар Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2019 ва Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз 21 феврали соли 2023, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм нашр гарданд, ворид карда шудааст. Маҷалла, дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шуда, ба таври доимӣ шумораҳои нашршудаи маҷалла дар китобхонаи илмии электронии e-library.ru ворид карда мешавад.

Барои баланд бардоштани мақоми маҷалла дар сатҳи байналмилалӣ ва дохилӣ ба ҳайати таҳририяи он 20 нафар олимони ватанӣ ворид карда шуданд, ки аз ин шумора 6 нафар илмҳои иқтисодӣ, 8 нафар илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 6 нафар ба илмҳои сиёсӣ таалуқ доранд, ки ҳамаи онҳоро профессорон ва докторони илм ташкил медиҳанд.

Айни ҳол ба доираи фаъолияти иттилоотрасонӣ ва хабаргузории шуъба пешбурди фаъолияти махзанҳои мазкур рост меоянд:

- моҳномаи “Сарвар ва миллат”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шумораҳои ҷашнӣ (дар як сол 24 шумора нашр карда мешавад);

- маҷаллаи илмии “Идоракунии давлатӣ” (дар як сол 6 шумора (4 асосӣ ва 2 иловагӣ) нашр карда мешавад, Пайванди электронии сомонаи маҷалла: https://journal.apa.tj/);

- сомонаи расмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пайванди электронии сомона: https://apa.tj);

- гурӯҳи фейсбукии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пайванди электронии гуруҳ: https://www.facebook.com/groups/1469126009893987);

- саҳифаи инстраграмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пайванди электронии саҳифа: https://www.instagram.com/apa.tj_official/);

- саҳифаи телеграмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пайванди электронии саҳифа: https://t.me/apatj);

Кормандони шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мунтазам дар доираи низомнома, нақшаи корӣ, фармоиши Ректори Академия, қарорҳои раёсат ба роҳ мондаааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хуррамзода Муминшо Хуррам

Сардори шуъбаи таҳрир ва табъу нашр

Тел: (+992) 938-30-11-90

E-mail: khuramzoda83@mail.ru