АНУШЕРВОНИ ХУРШЕД
Сардори шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ
Тел: +992 888 66 85 85
E-mail: a.khurshedzoda@mail.ru
ШУЪБАИ ИҚТИСОД ВА БАНАҚШАГИРИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ ҳамчун воҳиди сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон, қарорҳои Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” (аз 25 марти соли 2011 №702), Оинномаи Академия, Низомномаи шуъба, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии кормандон ва устодони Академия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Академия ба роҳ мемонад.
Вазифаҳои шуъба:
-иҷрои ҳуҷҷатҳо, фармонҳо, қарорҳо, фармоишҳо, инчунин нусхаҳои шартномаҳою созишномаҳо, сметаҳои даромаду хароҷот, меъёрҳо ва дигар маводҳоеро, қи барои банақшагирии фаъолияти Академия ва назорат зарур мебошанд, банақшагирӣ ва дурнамо.
Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 3 нафар корманд фаъолият менамояд:
- - сардори шуъба;
- - сармутахассис;
- - мутахассиси пешбар.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
Шўъбаро сардори шўъба роҳбарӣ меқунад, ки ў аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
1. Шўъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат ва дигар шўъбаву бахшҳои Академия ба роҳ мемонад.
2. Шўъба вобаста ба фаъолияташ бевосита таҳти назорати ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ буда ва ба он ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Бо супориши бевоситаи ректори Академия вобаста ба дархосту супоришҳои мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ ахборотҳо ва маълумотномаҳоро омода намуда, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии ба Академия алоқамандро пешниҳод менамояд.
4.Талаботҳои сардори шўъбаи банақшагирӣ вобаста ба тартиби барасмиятдарории амалиёт ва ба шўъбаи иқтисод ва банақшагирӣ пешниход намудани ҳуҷҷатҳою маълумотҳои зарурӣ, барои ҳамаи воҳидҳои сохтории тобеи Академия ҳатмӣ мебошад,
5. Аз номи Академия бо дастури Ректор дар ҳалли масъалаҳои молиявию баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки дар муассису сохторҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд иштирок мекунад.
6. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи буҷети Академияро ташаккул дода, доир ба самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблаѓҳо ба раёсат ахборот пешниҳод менамояд.
7. иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонун дар бораи Буҷети давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
8. тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа;
9. таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию молияви соҳаи дахлдор дарсолона, нимсола ва семоҳа;;
10. назорати риояи интизоми меҳнат дар шуъба;
11.роҳандозӣ кардани истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ,
12. пешниҳоди басти вазифаҳо ва сметаи ягонаги даромад ва хароҷоти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. таҳлили фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии Академия
14. таҳлил ва ба нақшагирии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ;
15. таъмини назорат оид ба нигоҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани амволи давлатӣ аз ҷониби шахсони ҳисобдиҳанда;