Шуъбаи хоҷагӣ

 

       

Шуъбаи хоҷагӣ ҳамчун воҳиди сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

         Шуъбаи хоҷагӣ фаъолияти худро дар асоси  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” (аз 25 марти соли 2011 №702), Оинномаи Академия, Низомномаи шуъба, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии кормандон ва устодони Академия  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

        Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Академия ба роҳ мемонад.

        Вазифаҳои шуъба:

-иҷрои  ҳуҷҷатҳо, фармонҳо, қарорҳо, фармоишҳо,  сметаҳои даромаду хароҷот ва ғайраҳо. 

          Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 3 нафар корманд фаъолият менамояд:

•           - сардори шуъба;

•           - мутахассиси пешбар

•           - мудири анбор

      Ҳайати кормандони техники бошад мувофиқи басти вазифаҳо 51 нафарро ташкил медиҳанд

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:

Шўъбаро сардори шўъба роҳбарӣ меқунад, ки ў аз ҷониби ректори  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

      1. Шўъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат ва дигар шўъбаву бахшҳои Академия ба роҳ мемонад.

      2. Шўъба вобаста ба фаъолияташ бевосита таҳти назорати ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ буда ва ба он ҳисоботдиҳанда мебошад.

      3. Бо супориши бевоситаи ректори Академия вобаста ба дархосту супоришҳои мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ ахборотҳо ва маълумотномаҳоро омода намуда, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии ба Академия алоқамандро пешниҳод менамояд.

       4. Аз номи Академия бо дастури Ректор дар ҳалли масъалаҳои молияви , ки дар муассису сохторҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд иштирок мекунад.

               5. Назорати риояи интизоми меҳнат дар шуъба;

       6. Таҳлили фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии Академия;

       7. Таъмини назорат оид ба нигоҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани амволи давлатӣ аз ҷониби шахсони ҳисобдиҳанда;

- Таъмини назорати истифодаи мақсадҳои ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва молиявӣ, саривақт ошкор намудани падидаҳои номатлуб  дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, пайдо ва равонасозии захираҳои дохилии хоҷагӣ;

-Баҳодиҳи ин тарзи муайян намудани воситаҳои арзиши хоҷагӣ;

-Пешгирии натиҷаҳои номатлуби фаъолияти хоҷагидории  Академия;

-Ташкили ҳисоботи мубоҳисавӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси истифодаи василаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шакл ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ ва назорат, ташкил ва пешниҳоди саривақтии иттилооти пурра ва саҳеҳи мубоҳисавӣ дар бораи фаъолияти Академия, вазъи молиявии он, даромадҳо ва хароҷот, коркард ва амалисозии чорабиниҳо ва мустаҳкамсозии интизоми молиявӣ;

Фаъолияти кормандони шуъба

      Кори шуъба аз ҷониби сардори шуъба идора карда мешавад. Воҳидҳои сохтории шуъба аз вазифаи  мутахассиси пешбар, мудири анбор ва мутахассис  иборат аст. Масъалаи даровардани тағйирот ба сохтор ва тартиби қатъ намудани фаъолияти шуъба тибқи тартиби муқарарнамудаи Оинномаи Академия амалӣ карда мешавад. Сардори шуъба тибқи фармоиши Ректори Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

 

 

 

 

БОБОЕВ ШАМШОД

Сардори шуъбаи хоҷагӣ

Тел: (+992) 908 33 47 74

E-mail: @mail.ru