Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ

Файзов Некруз Наврузович

номзади илмҳои таърих, дотсент

Мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ

Тел: 905157667

 

Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ яке аз зерсохтори муҳими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро ба омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи дарк ва таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи асолат ва арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикону тоҷикистониён ба хотири муаррифии арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудааст.

 

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ аз як мавзуъ ва 7 фаслҳои зерин иборат аст:

1. Масоили мубрами муносибатҳои байналмилалии муосир

–Масоили сиёсати хориҷӣ ва амният дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун стретегияи рушди Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо;

Таҳқиқи мақоми Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ;

–Вижагии татбиқи “неруи нарм” дар Осиёи Марказӣ;

–Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар даврони истиқлолият;

–Афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон;

–Дипломатияи иқтисодӣ ва нақши он дар ҳамкориҳои байналмилалӣ;

–Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалӣ.

 

Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ

Устодони кафедра дар таълим ва тарбияи мутахассисони ихтисоси 1-230101 – «муносибатҳои байналмилалӣ», дар зинаи бакалавр, фосилавӣ, магистратура ва докторантура (PhD) фаъолона иштирок менамоянд.

Вобаста ба касби худ донишҷӯён дар сатҳи бакалавриат, фосилавӣ, магистратура ва докторантура (PhD) донишҳои тахассусӣ ва ёрирасонро аз бар менамояд, ки ба хатмкунандагони ин ихтисос имкони иҷрои вазифаҳои реферант, мушовир дар ин соҳа, тарҷумон (тарҷумон-реферант) бо забони (забонҳои) минтақаи омӯзиш (гурӯҳи кишварҳо ва ё кишвари алоҳида)–ро ҳангоми кор дар мақомотҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ, намояндагии дипломатӣ ва дар назди созмонҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.

 

Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кафедраҳои пешқадами Академия буда, дар самти тайёркунии мутахассисони сатҳи олӣ пешсаф мебошад. Дар кафедра мутахассисон, аз ҷумла собиқ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, Сафирони Фавқулода ва Мухтор, Консулони генералӣ ва кормандони мақомотҳои давлатӣ ва дипломатӣ, фаъолият мекунанд. Интихоби мутахассисон аз миёни олимони сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки таҷрибаи васеи кории худро доранд, ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва тадқиқот дар кафедра кӯмак мерасонад. Кафедра барои донишҷӯён имкониятҳои васеъ барои омӯзиш ва таҳқиқи соҳаи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ фароҳам овардааст.

Кафедра дар самти навоварӣ ва ташкилу раванди таълим корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Дар баробари машғулиятҳои анъанавӣ, диспутҳо, конфронсҳо барои донишҷӯён, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ мунтазам баргузор мешаванд.

 

Кафедра дар ду зинаи таҳсилот — бакалавр ва магистратура — мутахассисонро тайёр мекунад. Мақсади кафедра таъмин кардани донишҷӯён бо дониш ва малакаҳои зарурӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, ки онҳоро барои фаъолият дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ омода месозад.