Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа

 

Музафарзода Фазлиддин

Мудири кафедра

Тел.: +992 989171747

E-mail: muzafarzoda95@mail.ru

 

Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа яке аз кафедраҳои тахассусии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз моҳи феврали  соли 2020 фаъолият мекунад. Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, магистрантону донишҷӯёнро оид ба дастгирии сиёсати давлатӣ  ба роҳ монда, барои донишҷӯён, магистрантон ва хизматчиёни давлатӣ дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳм мегузорад.

Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, фармоишҳои ректор, супоришҳои ноибони ректор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад. 

Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академия дар тобеияти бевоситаи декани факултети дипломатия ва сиёсат қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ тадқиқотии  устодони кафедра, донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, доктори фалсафа (PhD)  ба роҳ монда дар амали гаштани мақсадҳои гузошташуда кумак мерасонад менамояд. 

Айни ҳол дар кафедра 39 нафар устодон аз ҷумла 6 нафар доктори илм, профессор, 11 нафар номзадони илм, 4 нафар муалими калон ва 18 нафар ассистентон фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ менамоянд.

Кафедраи мазкур сохтори асосии таълимию илмии Академия ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра дар самтҳои асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори Академия дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат менамояд.

Аъзои кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода, доимо дар конфесренсияҳои илмию-амалии ҳам донишгоҳӣ ва ҳам берун аз он фаъолона иштирок намуда дар мавзуъҳои рӯзмара гувоҳи он аст, ки ҳайати кормандони кафедра аз сиёсати имрӯзаи давлат пуштибонӣ менамояд ва дар бунёди ҷомеаи воқеан дунявӣ ва демократӣ нақши худро мегузоранд мақолаҳои ҳайати кормандони кафедра дар рӯзнома ва маҷаллаҳои бонуфузи Тоҷикистон ва нашр расонида, кафедраро дар байни донишгоҳу донишкадаҳои бонуфуз муаррифӣ менамоянд.

Фаъолияти кории кафедраи номбурда баҳри татбиқи самаранокии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсатшиносӣ ва дигар фанҳои тахассусӣ равона гардида, мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимии кафедра ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ таҳия мегарданд ва дар ин замина кормандони кафедра корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.

Таъсисёбии кафедраи мазкур ба хотири татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ буда, омӯзиши масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб рафта дар татбиқи Стратегияи давлатии «Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон» самти мусоидат менамояд.

Дар назди кафедра маҳфили доимамалкунандаи «Ойини сарварӣ» фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба тибқи нақшаи пешбинишуда доир мегардад.

Ҳадаф ва вазифаҳои кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мусоидат намудан дар самти сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилод дар Академия;

- ҳамкори намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону омўзгорон, докторантҳо аз рўи ихтисос, магистрҳо, унвонҷўён ва донишҷўёни кафедра;

- назорати иҷрои корҳои илмии тадқиқотӣ ва илмию методии устодону унвонҷӯёни кафедра;

- назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ва нақшаҳои инфиродии омўзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;

- мусоидат ва назорат дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар Академия;

- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рўи ихтисос ва унвонҷўён;

- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои кафедра.