САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШИ ХОБГОҲ Бахши хобгоҳ сохтори таркибии Академия ба ҳисоб рафта, дар таъмин намудани донишҷӯён, магистрантон ва устодону кормандон ба хобгоҳи Академия масъул аст. Бахши хобгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунанда, Низомнома ва Оинномаву қарорҳои Шурои олимони Академия, Низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ, низомномаи бахши хобгоҳ ва дигар санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Бахши хобгоҳ дар ҷобаҷогузории донишҷӯён, магистрантон ва устодону кормандони ба хобгоҳ эҳтиёҷдошта, дар мувофиқа бо ректор, Иттифоқи касабаи устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия ва Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус вазифадор аст. Инчунин дар таъмини тартибу низом ва тарбияи ахлоқию эстетикаи истиқоматкунандагони хобгоҳ бо муовини ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа ҳамкорӣ намуда, дар назди Раёсати Академия ҳисоботдиҳанда мебошад. Дар назди бахш Шурои донишҷӯёни хобгоҳ ва сохтори он, маҳфили доимамалкунандаи илмӣ – тарбиявии “Роҳбари мардумӣ”, маҳфили илмӣ – сиёсии “Сиёсатшиноси ҷавон”, маҳфили илмӣ – ҳуқуқии “Адолатпарвар”, маҳфили илмӣ – фарҳангии “Ватанпарвар” ва маҳфили имлмӣ – зеҳниву завқии “Байтбарак” фаъолият менамояд.
|
Абдулҳаев Абдулвоҳид Илҳомҷонович
Мудири бахши хобгоҳ
тел: (+992) 889-19-99-95
E-mail: @mail.ru