|
Саъдиев Исмоил Зарифович
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Маълумот барои тамос:
Тел: (+992) 555585552
E-mail: @gmail.com
Маълумотномаи факултети ҳуқуқшиносӣ
Факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд факултет) яке аз воҳидҳои асосии сохтори Академия ба ҳисоб рафта дар асоси Қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист аз 30 августи соли 2023 таъсис ёфтааст. Факултет маркази асосӣ ва пешбарандаи таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баҳри таҳқиқу омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илмҳои ҳуқуқшиносӣ мақоми хосаро доро мебошад.
Факултет дар татбиқи сиёсати давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос, иҷроиши стратегия ва барномаҳои давлатӣ, барномаву стандартҳои давлатии соҳаи маориф ва илм ҳамчун сохтори таркибии Академия фаъолият намуда, таъмини устувор ва омоданамоии босифати кадрҳоро дар самти идоракунии давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассиса, ташкилотҳо, бонкҳо ва макотиби олии ҷумҳурӣ амалӣ месозад.
Фаъолияти асосии илмӣ-тадқиқотии факултет ин тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ буда, гузаронидани таҳқиқотҳои илмиро аз рӯи самтҳои илмии таҳқиқотии кафедраҳои марбута анҷом медиҳад. Фаъолияти ҳайати омӯзгорон ва кормандони факултет ба ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти низоми ҳуқуқи кишвар, масъулиятнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ дар замири донишҷӯён ва тарбия намудани онҳо мебошад.
Фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, корҳои тарбиявию ҷамъиятӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи факултети ҳуқуқшиносӣ, нақшаи кории садорати факултет ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст.
СОХТОРИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ:
Шурои олимон
Садорат
Кафедраҳо
Шурои илмӣ-методӣ
Шурои сарпарастон
Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон
Шурои бонувон ва духтарон
Бюрои иттифоқи касабаи устодону кормандон
Созмони ҷавонон
Ҷамъияти илмии донишҷӯён
ИХТИСОСҲОИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ
Дар зинаи бакалавр:
1-240102 – Ҳуқуқшиносӣ
1-240101 – Ҳуқуқи байналмилалӣ (ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ)
1-260102 - Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
1-240103 - Ҳуқуқи иқтисодӣ
Дар зинаи магистратура:
1-260102 - Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
1-240101 – Ҳуқуқи байналмилалӣ (ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ)
1-240103 - Ҳуқуқи иқтисодӣ
Дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос – доктор Phd:
6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ
6D030104 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ
6D030109 – Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ
6D030102 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ
6D030201 – Ҳуқуқи байналхалқӣ; ҳуқуқи аврупоӣ
Дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ
1-260102 - Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
1-240103 - Ҳуқуқи иқтисодӣ
ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТ:
Айни замон дар факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии омӯзгорон ва кормандони доимӣ ба 42 нафар мерасад, ки аз ин миқдор 14 нафарашон занҳоянд.
Дар иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ҳайати зерини омӯзгорон ҷалб шудаанд, ки аз шумораи умумӣ 1 нафар доктори илми ҳуқуқ, профессор, 14 нафар номзади илми ҳуқуқ, дотсент (аз ҷумла 2 нафарашон зан) мебошанд. Инчунин дар факулет 2 муаллими калон, 20 нафар ассистент ( аз он 1 нафар номзади илми ҳуқуқ) ва 5 нафар мутахассис-коргузор кор мекунанд. Синну соли миёнаи мардон ва занон бошад, 35 солро ташкил медиҳад.
Дар садорати факултет декан, 3 нафар муовинони декан аз ҷумла 1 нафар дар бахши таълим, 1 нафар дар бахши тарбия, 1 нафар дар бахши илм ва 1 нафар мутахассис-коргузор фаъолият доранд.
Аз 1 ферали соли 2023 то ба имрӯз декани факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ҳ., дотсент Саъдиев Исмоил Зарифович мебошад.
Амонқулов Фаридун Наимович – муовини декан оид ба таълим
Носирзода Муҳаммад Бегиҷон – муовини декан оид ба тарбия
Зарипов Абдукарим Хасанович – муовини декан оид ба илм
Дар сохтори факултет 4 кафедраи тахассусӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба уҳда доранд.
Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ
Кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ
Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
Кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ФАКУЛТЕТ:
Аз 08 апрели соли 2022 соли инҷониб дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D030100 - Ҳуқуқшиносӣ (6D030104 - Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ ва 6D030109 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ), инчунин барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои уқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.00 – Илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.04 - и молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷет ва 12.00. 14 - Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ) фаъолият менамояд.
Дар заминаи факултет ҷиҳати омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ унвонҷӯён аз рӯи самтҳои афзалиятноки илми ҳуқуқшиносӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Инчунин дар факултет маҷаллаи илмӣ-амалии “Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир” фаъолият мекунад, ки он дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 328/МҶ-97 аз 22 феврали соли 2024 ба қайд гирифта шудааст.
Дар асоси нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 самти асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраҳои онро масъалаҳои зерин ташкил медиҳад:
- 1.1. Танзими ҳуқуқӣ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1.2. Масоили асосии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар замони муосир;
- 1.3. Ҷанбаҳои ҳуқуқии байналмилалии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1.4. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон.