Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО), ки ҳамасола 1 декабр дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳушдор аз паҳншавии ин бемории хавфнок имрӯз ба як иқдоми муҳими иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар ин рӯз кишварҳо, созмонҳо ва муассисаҳои таълимӣ аксияҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд, то ҷомеа аз хатарҳои ВНМО/СПИД бохабар гардида, барои ҳифзи саломатии худ чораҳои саривақтӣ андешад.
Дар ҳамин замина, пагоҳии рӯзи 1 декабр дар саҳни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили “Сарвари ҷавон”, ки дар назди кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии факултети идоракунии давлатӣ амал менамояд, аксияи тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Ин иқдом бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масъалаҳои мубрами тандурустӣ, пешгирии сирояти ВНМО ва баланд бардоштани сатҳи саводи тиббии ҷавонон ташкил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо овезаҳои ташвиқотии «Тарзи ҳаёти солим» ва рамзи лентаи сурх рамзи ҳамбастагӣ бо шахсони гирифтори ин беморӣ паёмҳои огоҳонаро ба ҷомеа мерасониданд. Варақаҳои иттилоотӣ бо маълумотҳои судманд оид ба роҳҳои пешгирии сирояти ВНМО, усулҳои муҳофизат, аҳамияти ташхиси саривақтӣ, масъулияти шахсӣ дар нигоҳдории саломатӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯёну кормандони Академия тақсим гардиданд.
Ташаббус бо шиорҳои пурмаънои «Мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД наҷоти наслҳост», «Солимӣ калиди зиндагист» ва «Табобат дар дасти табиб, вале саломатӣ дар дасти худи мост» оро дода шуда, ба ин васила аҳамияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар таъкид гардид. Зимни аксия ба ҷавонон фаҳмонда шуд, ки хатарҳои мазкур танҳо бо дониш, эҳтиёт ва интихоби дурусти рафтори идорашаванда кам карда мешаванд.
Қисми дуюми чорабинӣ дар шакли мизи мудаввар идома ёфт. Аъзоёни маҳфил дар ин қисмат бо маърузаҳои илмӣ-назариявӣ баромад карда, паҳлуҳои гуногуни мушкилоти мазкурро таҳлил намуданд. Беҳтарин маърузаҳо аз ҷониби ҳайати доварон интихоб ва қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии мазкур на танҳо як амали рамзӣ, балки иқдоми амалӣ дар роҳи баланд бардоштани масъулияти ҷавонон, таҳкими фарҳанги худнигоҳдорӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа гардид.
Масъулин изҳори умед намуданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, ҷавонон ҳамчун насли ояндасози миллат дар пешгирии паҳншавии ВНМО/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ саҳми назаррас гузошта, барои солимии ҷомеа талош хоҳанд кард.


