Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРӢ АЗ ВНМО

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши хобгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз ВНМО, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Аз ВНМО эҳтиёт шавед!» баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур истиқоматкунандагони хобгоҳ бо мусоидати волонтёрон аз бахши кор бо ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Мақсади асосии баргузории ин аксия фаҳмонидани моҳият, зарар ва оқибатҳои нохуши Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба шаҳрвандон ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим буд.

Ҳангоми аксия ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуданд, ки дар онҳо роҳҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, омилҳои хавф ва тавсияҳои муфид оид ба муҳофизати саломатӣ дарҷ гардида буданд.