Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

«БА ХУШУНАТ "НЕ" БИГӮЕД!»

Таҳти ин унвон бо ибтикори бахши кор бо занон ва духтарони Раёсати корҳои тарбиявӣ ва Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ-маърифатӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудири бахши кор бо занон ва духтарон Дилшода Бобоназар оғоз ёфта, таъкид гардид, ки ҳамасола дар ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти зӯроварии хонаводагӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои занону духтарон баргузор мегардад. Зикр шуд, ки хушунат на танҳо ҳуқуқи инсонро поймол месозад, балки рушди устувори ҷомеа, суботи иҷтимоӣ ва тарбияи насли солимро халалдор менамояд.

Сипас, директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат Шоҳбегим Маликшозода бо баромади пурмуҳтаво суханронӣ намуда, зикр кард, ки хушунати хонаводагӣ аз паҳншудатарин намудҳои нақзи ҳуқуқи инсон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин зуҳурот сарфи назар аз сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, дин, нажод ва забон дар ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳон ба назар мерасад. Ӯ иброз дошт, ки мушкили мазкур дар решаи худ нишонаҳои табъизи гендерӣ дошта, аз нобаробарии имкониятҳои занону мардон сарчашма мегирад.

Баъдан, мутахассиси пешбари Раёсати корҳои тарбиявӣ Гулзода Шералиева бо маърузаи «Омилҳои хушунат дар оила» баромад карда, таъкид намуд, ки мутаассифона, баъзе навъҳои зӯроварӣ дар баъзе муҳитҳо ҳамчун анъанаи нодуруст боқӣ мондаанд. Вале бо назардошти фарҳанги волои миллии тоҷикон, суннатҳои хираду маърифатпарваронаи мардум ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳар гуна зӯроварӣ дар оила қобили қабул нест ва аз ҷомеаи мутамаддин рад мегардад.

Инчунин, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон Диловар Раҳимов оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», ҳамчунин «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» суханронӣ намуда, нақши қонунгузории миллӣ ва сиёсати давлатро дар ҳимояи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ тавзеҳ дод.

Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ бахши саволу ҷавоб роҳандозӣ гардид. Донишҷӯёну иштирокчиён саволҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи занон, роҳҳои бартарафсозӣ ва пешгирии ҳолатҳои хушунати хонаводагиро матраҳ карда, ҷавобҳои мушаххас ва муҳтавопурра гирифтанд.

Чорабинӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, аҳамияти баланд доштани маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон дар мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ таъкид карда шуд.