Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ХУШХАБАР! УНВОНҶӮИ АКАДЕМИЯ РИСОЛАИ НОМЗАДИАШРО ҲИМОЯ НАМУД

Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносӣ Нурматов Ҷонибек Зоирҷонович баргузор гардид.

Нурматов Ҷонибек Зоирҷонович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқҳои андозсупоранда ҳангоми гузаронидани назорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии идоракунии Академияи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Ҷумабек Юнус, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.04 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ бомуваффакият ҳимоя намуд.

Диссертант зимни ҳимояи кори илмии худ вобаста ба мазмун ва муҳтавои мавзуи диссертатсионӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар шароити кунунии рушди низоми ҳуқуқи андози кишвар нақш ва ҷойгоҳи андозсупоранда ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи андозӣ дар раванди таъмини кафолатҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз аз ҳар ҷиҳат меафзояд. Ин ба он далел асоснок мегардад, ки назорати андоз ва ҳифзи ҳуқуқҳои андозсупоранда яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти молиявии ҳар як давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Раванди таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои андозсупоранда ҳангоми назорати дуруст ҳисоб намудан ва пурра пардохт намудани андозҳо ба буҷетҳои дахлдори давлатӣ яке аз вазифаи муҳимми давлат муқаррар карда шудааст.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурматов Ҷонибек Зоирҷоновичро бо ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш пешравиҳо таманно менамоянд.