Имрӯз, 2 декабри соли 2025, дар толори «IT PARK»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бахшида ба таҷлили 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бо ҳадафи қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, роҳбарону намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи И. Сомонӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир ҳузур дошт.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши мазкур ва озмунҳои ҳизбӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе», бо мақсади таҳким ва густариши неруи ташкилоти ҳизбӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти сиёсиву ҳизбии аъзои ҲХДТ роҳандозӣ гардидаанд. Зикр шуд, ки ин иқдомҳо ба рушди фаъолияти идеологӣ, ҳавасмандсозии аъзои фаъол, тақвияти масъулияти таблиғотчиён, вакилону роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва таҳкими низоми идоракунии дохилиҳизбӣ мусоидат менамоянд.
Маросими қадрдонии ғолибон дар фазои идона доир гардид. Барандагон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинатсияи «Ташкилоти ибтидоии фаъол» ташкилоти ибтидоии ҳизбии «САРВАР»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Дар номинатсияи «Вакили ташаббускор» сардори Шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи И. Сомонӣ н.и.ҳ. Ғоибзода Меҳрангез ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ» директори Маркази омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон н.и.ф., дотсент Амирбекзода Назира ҷойи сеюмро касб намуда, бо Диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи фарҳангии рангин иборат аз шеъру таронаҳои ватандӯстона ва тарғибгаронаи ғояҳои миллӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд, ки ба ҳамоиш шукуҳу таровати хоса бахшид.


