Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ

Бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2025 аз қисми ҳарбии №01-22-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки адои қарзи фарзандӣ ва хизмат ба модар-Ватан уҳдадории конститутсионӣ ва қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунии ҷаҳонии зудтағйирёбанда таъмини амният ва осудагии Ватан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар хизматчии низомӣ ба шумор меравад.

Дар рафти чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонони Академия Ятимзода Беҳрӯз Ятим суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки хизматчиёни ҳарбӣ бояд дар ҳама ҳолат барои иҷрои уҳдадориҳои худ ва барои ҳимояи марзу буми Ватан омода бошанд. Дар баробари таъмини амнияти марзу буми кишвар хизматчиёни ҳарбӣ инчунин дар таъмини амнияти осудагии ҷамъиятӣ низ ҳиссагузор мебошанд. Дар идома номбурда ба ҳамаи сарбозону хизматчиёни ҳарбӣ дар идомаи хизмат ба Ватан муваффақияту барори кор ва хизмати софдилонаву содиқонаро таманно намуд.

Дар рафти чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия намоиши фарҳангӣ бо дарбаргирии шеъру суруду тарона намоиш дода шуд, ки писанди иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарон ва аскароне, ки дар қисми низомӣ хизмати арзанда менамоянд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.