Дар шумораи навбатии маҷаллаи бонуфузи «Россия в глобальной политике» (16 декабри соли 2025) мақолаи таҳлилии доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Дабири кулли СҲШ Рашид Алимов ба нашр расид.
Муаллиф ба таври амиқ ва дақиқ паҳлуҳои калидии Стратегияи нави амнияти миллии ИМА-ро таҳлил намуда, ба як нуктаи бисёр рамзӣ ишора мекунад: дар матни ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ аз Осиёи Марказӣ ёд нашудааст. Оё ин саҳлангорист ё интихоби огоҳонаи сиёсӣ?
Ба андешаи профессор Алимов, чунин “сукут” метавонад бозгӯйи мантиқи нави сиёсати хориҷии Вашингтон бошад — тамаркуз ба минтақаҳо ва самтҳое, ки ба амнияти мустақими ИМА иртиботи фаврӣ доранд, дар ҳоле ки Осиёи Марказӣ ба фазои таваҷҷуҳи интихобӣ ва маҳдуд ворид мегардад.
Мақола суолҳои муҳимро ба миён мегузорад:
-оё пас аз ин сукут марҳилаи нави муколамаи C5 + ИМА оғоз меёбад?
-ва он то чӣ андоза ба манфиатҳои воқеии кишварҳои минтақа мутобиқ хоҳад буд?
Матлаби пурра дар https://globalaffairs.ru/articles/ssha-czentralnaya-aziya-alimov/


