Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

АЗ КАСПИЙ ТО ТЯН-ШАН: ОЗАРБОЙҶОН ДАР МЕЪМОРИИ НАВИ МИНТАҚАИ ГУСТАРИШЁБАНДАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар сомонаи таҳлилии бонуфузи «Евразия сегодня» (eurasia.today) мақолаи таҳлилии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Рашид Алимов ба нашр расид.

Дар ин матлаб муаллиф рӯйдоди дорои аҳаммияти вижаи сиёсиву дипломатиро - қабули расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба формати машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (C5) ҳамчун натиҷаи мантиқии равандҳои пайвастаи наздикшавии минтақавӣ ва бозандешии меъмории геополитикии Евразия мавриди таҳлили амиқ қарор медиҳад.

Мақолаи мазкур бо дидгоҳи илмӣ ҷойгоҳ ва нақши Озарбойҷонро дар фазои Осиёи Марказии дар ҳоли густариш арзёбӣ намуда, масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ, ташаккули тафаккури нави сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ мекунад.

Матни пурраи мақола тавассути истиноди https://eurasia.today/actual/ot-kaspiya-do-tyan-shanya-azerbaydzhan-kak-chast-rasshiryayushchegosya-tsentralnoaziatskogo-regiona/ дастрас аст.