Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву иқтисодӣ самтҳои асосии рушди иқтисоди миллиро муайян намуда, барои таъмини пешрафти устувор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Дар Паёми навбатии худ Роҳбари давлат натиҷаҳои рушди иқтисодии кишварро таҳлил намуда, таъкид карданд, ки новобаста ба таъсири омилҳои беруна, иқтисоди миллии Тоҷикистон тамоюли рушди устуворро нигоҳ доштааст. Чуноне Пешвои миллат зикр намуданд:
«Дар солҳои охир иқтисоди миллии кишвар, бо вуҷуди таъсири омилҳои мураккаби ҷаҳонӣ, рушд ёфта, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ устувор нигоҳ дошта шуданд».
Яке аз самтҳои калидие, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт, саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Пешвои миллат саноатро ҳамчун муҳаррики асосии иқтисодиёт арзёбӣ намуда, таъкид карданд:
«Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегии давлат буда, он заминаи асосии таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад».
Дар ин замина, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва афзоиши маҳсулоти дорои арзиши иловашуда аҳамияти махсус касб менамояд.
Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳимми иқтисоди миллӣ арзёбӣ шуд. Президенти кишвар таъкид намуданд:
«Амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад». Истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ омили асосии таъмини ин ҳадаф маҳсуб меёбад.
Дар Паём, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ зикр гардид. Пешвои миллат иброз доштанд:
«Фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат мебошад».
Ин сиёсат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт дар Паём мавқеи хос пайдо кард. Роҳбари давлат таъкид намуданд:
«Гузариш ба иқтисоди рақамӣ талаботи замони муосир буда, он ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунии иқтисодӣ мусоидат менамояд».
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани даромади шаҳрвандон ва ҳифзи иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Чуноне дар Паём омадааст:
«Ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад».
Дар маҷмуъ, нишондодҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи онҳо метавонад ба таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, рушди устувор ва баланд гардидани некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат намояд. Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ҳар як фарди ҷомеаро ба заҳматқаринӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватани азиз ҳидоят менамояд.
Шукрона Гадоева, магистранти курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ ва иқтисодиёти Академия


