Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

СОЛИ 2025: МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА СУБОТИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд.

Зеро дар ин сол масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ҳал гардида, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид.

Ин воқеаи таърихиро сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки рушди муносибатҳои минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дошта, ба ташаккули равандҳои ҳамгироӣ мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки ба имзо расонидани шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Қирғизистону Ӯзбекистон барои таҳкими сулҳу субот, эътимоди мутақобил ва ҳамкориҳои неку ҳамсоягиро фароҳам месозад.

Ин шартнома на танҳо баҳсҳои тӯлонӣ мавҷудбударо ба таври мусолиматомез ҳал менамояд, балки барои рушди муштараки иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ шароити мусоидро муҳайё мекунад.

Ҳамзамон, муайян гардидани хати сарҳади давлатӣ ба таҳкими амнияти минтақавӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии наздисарҳадӣ ва тақвияти равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, нақши ин кишварҳоро ҳамчун шарикони боэътимод дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардорад.

Кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистону Ӯзбекистон аз даврони соҳибистиқлол гардиданашон бо вуҷуди ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ҳамвора кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки муносибатҳои минтақавии худро тақвият бахшанд.

Гарчанде ки тайи ду даҳсолаи аввал давлатҳо дар масъалаи густариши робитаҳои минтақавӣ мавқеи гуногун доштаанд, аммо ҳоло манфиатдори ташаккули равандҳои ҳамгироии минтақавӣ мебошанд.

Дар таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии ин мамлакатҳот сарҳади давлатӣ нақши асосӣ дошта, он сарчашмаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавии давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Муносибатҳои байнисарҳадӣ миёни Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар доираи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ оғоз ёфта, бо роҳи муайян кардани хатти муштараки сарҳади давлатӣ ва анҷом додани корҳои делимитатсияву демаркатсияи марзиву ҳудудӣ ташаккул ёфтаанд.

Ҳолати кунунии ҳамгироии минтақавии кишварҳои минтақа дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Алалхусус, ҳамкориҳои давлатҳо дар самти ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти минтақавӣ нақши муассир дорад.

Хулоса, имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳкими робитаҳои байнисарҳадии минтақавӣ муосидат намуда, муносибатҳои шарикии стратегиро миёни давлатҳо ба миён меоварад. Мо ба ҳамкории минбаъдаи устувор ва дӯстиву ҳамҷавории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон умедворем.

Содиқзода Хушбахт Насреддин, докторант (PhD)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон