Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ: ТАШАББУСИ МУШТАРАКИ АКАДЕМИЯ ВА ЮНИСЕФ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи кӯтоҳмуддати таълимии интерактивӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо сатҳи баланди ташкиливу муҳтавоӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак роҳандозӣ гардида, ҳадафи он таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷавонон, рушди малакаҳои амалии касбӣ, инчунин шиносоии амиқ бо механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак буд.

Мутобиқ ба барномаи тасдиқгардида, зимни тренинг масъалаҳои калидии зерин мавриди баррасии фарогир қарор гирифтанд: ҳимояи кӯдакон дар шароити вазъиятҳои фавқулода; асосҳои кори иҷтимоӣ ва менеҷменти ҳолатҳо (кейс-менеҷмент); нақш ва саҳми созмонҳои байналмилалӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак; кафолатҳои ҳуқуқии кӯдакон дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ. Мавзӯъҳо тавассути гузоришҳои тахассусӣ, муҳокимаҳои интерактивӣ ва таҳлили ҳолатҳои амалӣ ба таври муосир пешниҳод шуданд.

Дар доираи барнома ҷаласаи махсуси машваратии коршиносони ЮНИСЕФ баргузор гардида, дар он масоили таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи равишҳои инноватсионии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Барномаи таълимӣ бо ҷамъбасти натиҷаҳо, мубодилаи афкор ва хулосабарории умумӣ анҷом ёфт. Иштирокчиён аҳаммияти чунин ташаббусҳоро дар омодасозии мутахассисони соҳибихтисос, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳким бахшидани фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ, бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ ва роҳнамоҳои таълимӣ оид ба кори иҷтимоӣ, кейс-менеҷмент ва дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ дар шароити вазъиятҳои фавқулодда тақдим гардиданд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои муассир бо шарикони байналмилалиро дар самти такмили низоми таълимӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва пешбурди арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқҳои кӯдак, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад.