Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ОЗМУНИ “МОЛИКОНИ ЛАЁҚАТ” - ҚАДАМЕ ДАР РОҲИ РУШДИ ФАРҲАНГИ ҶАВОНОН

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Академия, бо ташаббуси шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Раёсати корҳои тарбиявӣ бо мақсади таҳкими тарбияи маънавии донишҷӯён, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, истиқлоли давлатӣ ва ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ, ташаккули афкори солим, инчунин тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, рушди тарбияи фарҳангии ҷавонон, завқи зебоипарастӣ ва муҳимтар аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманду соҳибистеъдод аз ҳисоби донишҷӯён, миёни ҳаваскорони факултети идоракунии давлатӣ, факултети ҳуқуқшиносӣ ва факултети дипломатия ва сиёсати Академия, Озмуни истеъдодҳои ҷавон таҳти унвони “Моликони лаёқат” дар соли 2025 ташкил ва баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, ошкор ва дастгирии истеъдодҳои нав, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ ва таҳкими маърифати донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни Озмун дастаҳои ҳаваскорони факултетҳо мутобиқи Низомномаи тасдиқгардида аз рӯи нуҳ шарт байни ҳам рақобат намуда, маҳорати ҳунарӣ, эҷодкорӣ, сатҳи омодагӣ ва завқи эстетикии худро муаррифӣ карданд. Ҳайати доварон ба баромадҳои иштирокчиён бо назардошти меъёрҳои касбӣ ва шаффофият баҳо доданд.

Бояд зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо риояи меъёрҳои одилона доир намудани Озмуни мазкур, ҳайати доварон аз ҳисоби мутахассисони варзида ва соҳибтаҷрибаи соҳаи фарҳанг таъсис дода шуда буд. Доварон бо нигоҳи касбӣ ва беғаразона ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён баҳо дода, донишҷӯёни соҳибзавқро бо холҳои сазовор қадрдонӣ намуданд.

Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ, дастаи ҳаваскорони факултети ҳуқуқшиносии Академия бо гирифтани 82,6 хол сазовори ҷойи якум, дастаи ҳаваскорони факултети идоракунии давлатӣ бо гирифтани 80,2 хол сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ҳаваскорони факултети дипломатия ва сиёсати Академия бо гирифтани 80 хол сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар анҷоми Озмун роҳбарияти Академия ташаббуси ҷавонони эҷодкорро баланд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди ҳамаҷонибаи шахсияти донишҷӯён, ошкор намудани истеъдодҳои нав ва таҳкими муҳити солими фарҳангӣ дар муассиса нақши муҳим дорад. Ғолибони Озмуни мазкур дар ҷамъбасти сол бо дипломҳо ва мукофоти пулӣ ба таври расмӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд, то ҳисси дастгирӣ ва эътирофи малакаву истеъдоди онҳо дар муҳити Академия боз ҳам равшантар гардад.