Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди байналмилалӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи таҳлили равандҳои геосиёсӣ, арзёбии таҳдиду имкониятҳои мавҷуда ва пешбинии дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ доир карда шуд.
Мизи гирд дар ҳошияи таҷлили 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳамчун саҳнаи муҳими табодули афкор миёни муҳаққиқон ва коршиносони кишварҳои минтақа ва хориҷи дур арзёбӣ шуд. Дар кори он намояндагони доираҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳлилгарон, омӯзгорон ва коршиносони масоили сиёсати байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор маърузаҳои муҳими таҳлилӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, Ануар Нуртазин (Қазоқистон) дар мавзуи «Об-Бойгарӣ-Қудрат: формулаи устувории сиёсии Осиёи Марказӣ» баромад намуда, ба масъалаи идоракунии захираҳои обӣ ва табиӣ ҳамчун омили муҳими таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир кард. Мавсуф таъкид намуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши рақобат барои захираҳо, таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика ва об метавонад заминаи эътимод ва ҳамгироиро тақвият бахшад.
Денис Борисов (Россия) зимни маърузаи худ «Қудрати байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ: таҳвири конфигуратсияи қувваҳои акторҳои беруниминтақавӣ дар дурнамои миёнамуҳлат» ба равандҳои тағйирёбандаи тавозуни неруҳо дар минтақа пардохт. Ӯ зикр кард, ки дар шароити рақобати геосиёсӣ миёни қудратҳои ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд сиёсати мутавозин ва бисёрсамтиро идома диҳанд, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд.
Исмоил Наими ва М.Н. Насридинзода (Тоҷикистон) дар маърузаи муштараки худ «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ» масъалаҳои амнияти минтақавиро мавриди таҳлил қарор доданд. Онҳо ба таъсири вазъи сиёсию иҷтимоии Афғонистон ба суботи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба амнияти сарҳадӣ, таҳдидҳои экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои минтақа дар самти таъмини амният аҳамияти калидӣ дорад.
Санҷар Сайдов (Ӯзбекистон) дар баромади худ «Дурнамо ва чолишҳои ҳамгироии Осиёи Марказӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба раванди афзояндаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа ишора намуд. Ӯ зикр кард, ки таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори транзитӣ метавонанд заминаи устувори ҳамгироиро фароҳам оваранд.
Дар қисмати мубоҳиса иштирокчиён доир ба сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ дар 3-5 соли оянда андешаҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ, диверсификатсияи робитаҳои иқтисодӣ, амнияти энергетикӣ, таъсири омилҳои геосиёсӣ ва зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии кишварҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин нишастҳои илмӣ барои таҳияи тавсияҳои амалӣ, густариши ҳамкориҳои таҳлилӣ ва таҳкими муколамаи созанда миёни кишварҳои ҳамсоя аҳамияти хос дорад. Иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.
Мизи гирди байналмилалӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди тафаккури стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.


