Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Таҳти чунин унвони пурмуҳтаво дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши бонувони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши занон дар татбиқи сиёсати давлатӣ бахшида шуда, фазои созандаву илҳомбахшро фароҳам овард.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳизбӣ ва фаъолзанони ноҳия иштирок намуданд. Аз ҷумла, Аҳмадзода Зулфия Кабир - ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатӣ, Маҳмашарифзода Дилрабо - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Каримзода Рухшона – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сафарзода Шаҳноза Талбак – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Исмоилзода Шаҳноз Шавқат – раиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Казакова Умринисо Санговна – раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ғоибзода Меҳрангез – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шумораи зиёди бонувони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни иштирокчиён боло рафт.

Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатӣ Аҳмадзода Зулфия Кабир чорабиниро ифтитоҳ бахшид. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба занон ва оиларо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Ӯ зикр кард, ки дастгирии занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолият, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ ва таҳкими мақоми иҷтимоии бонувон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.

Дар идома баромадкунандагон зимни суханронии худ ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия намудани кадрҳои соҳибмаълумоту лаёқатманд миёни духтарон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ба гуфтаи онон, занон ҳамчун неруи созанда метавонанд дар таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли наврас ва пешгирии падидаҳои номатлуб нақши муассир бозанд.

Зимни суханрониҳо ба масъалаҳои рушди маънавию ахлоқии ҷомеа, таҳкими институти оила, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар миёни занону мардон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, дар он ба масъалаи занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Аз ҷумла, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, дастгирии соҳибкории бонувон, таҳкими нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯдухтарони фаъол, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ин иқдом нишонаи эътимод ва дастгирии неруи ҷавонон, бахусус духтарон, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар арзёбӣ гардид.

Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфта, иштирокчиён изҳор доштанд, ки минбаъд низ барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа саъю талош хоҳанд намуд. Зеро занон имрӯз на танҳо тарбиятгари насли оянда, балки нерӯи пешбарандаи рушди давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд.