Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ САТҲИ ОЛӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Паём Пешвои миллат – санади асосии сарнавишт дар таҳкими тафаккури давлатдорӣ ва омодасозии кадрҳои сатҳи олӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии аҳамияти стратегӣ ва амалии Паёми Пешвои миллат дар рушди низоми давлатдорӣ, такмили сиёсати кадрӣ ва баланд бардоштани масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев К. ифтитоҳ намуда, доир ба нақши Паёми Пешвои миллат дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ суханронӣ кард.

Зикр гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ на танҳо вазифаҳои ҷорӣ, балки дурнамои рушди давлатро муайян намуда, барои такмили сохтори идоракунии давлатӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар кори мизи мудаввар доктори илмҳои филология, профессор Гавҳар Шарофзода, доктори илмҳои таърих, профессор Ализода Б., сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ғоибзода М.А., инчунин магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» - Давлатзода Ҷамоллидин ва Миралиён Шаҳло бо маърузаҳои пурмуҳтаво иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномавӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ нақши калидӣ дорад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки Паём барои хизматчиёни давлатӣ на танҳо дастури амал, балки меъёри масъулиятшиносӣ ва фарҳанги касбӣ мебошад. Дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла такмили идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибихтисос муайян гардидаанд.

Дар ҷараёни мубодилаи афкор масъалаҳои рушди малакаҳои касбӣ, такмили донишҳои соҳавӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ба талаботи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Паём метавонад ба баланд гардидани самаранокии идоракунии давлатӣ мусоидат намояд. Махсусан, дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳонӣ, омодасозии кадрҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ, масъулияти баланд ва сатҳи касбии муосир зарур дониста шуд.

Иштирокдорон таъкид карданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки омӯзиши амиқ ва татбиқи пайвастаи дастуру ҳидоятҳои Паём дар фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни давлатӣ омили муҳими баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ мебошад.

Мизи мудаввар дар фазои созанда ва мубодилаи озоди афкор баргузор гардида, ҳамчун заминаи муҳимми таҳкими донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ барои иштирокдорон арзёбӣ шуд.