Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

«РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АМНИЯТ ВА СУБОТ»

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Равобити байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими амният ва субот» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба баррасии равандҳои муосири ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами амнияту субот дар фазои Осиёи Марказӣ бахшида шуд.

Ҳадафи асосии семинар таҳлили амиқи равандҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии минтақа, муайян намудани тамоюлҳои нави ҳамгироӣ, баррасии мушкилоту чолишҳои мавҷуда дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва арзёбии нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амният, суботи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ буд.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати низоми ҷаҳонӣ ва тағйирёбии тавозуни қудратҳо, масъалаҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ, рушди дипломатияи бисёрҷониба ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос касб менамоянд. Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба рушди тафаккури стратегии миллӣ ва таҳкими заминаҳои назариявии сиёсати хориҷии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Дар кори семинар намояндагони раёсати Академия, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон, магистрантону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

- таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- густариши ҳамгироии иқтисодӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ;

- нақши дипломатияи бисёрҷониба дар таҳкими эътимоди мутақобила;

- таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва чолишҳои амниятӣ ба суботи минтақавӣ;

- саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.

Иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити муосир ҳамкориҳои фарогир ва мутақобилан судманд метавонанд заминаи боэътимоди рушди устувор ва таъмини амнияти дарозмуддатро дар минтақа фароҳам оваранд.

Семинари илмӣ дар фазои озоди илмӣ ва мубоҳисаи созанда баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои таҳқиқотӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар фарҷом байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти нақши Тоҷикистон дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ иброз гардиданд.

Чорабинии мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи илмӣ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори сиёсати ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад.