Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

«ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ – КАФИЛИ ОЯНДАИ СОЛИМ»

Бо назардошти ба мушкилоти ҷиддии рӯз мубаддал гардидани нашъамандӣ, паҳн гардидани навъҳои мухталифи он дар байни ҷавонон, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон доир ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, боло бурдани масъулияти шахсӣ ва иҷтимоии онҳо нисбат ба тарзи ҳаёти солим, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии мақсадҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, факултети ҳуқуқшиносии Академия вохӯрии судмандро таҳти унвони «Пешгирии нашъамандӣ – кафили ояндаи солим» баргузор намуд.

Дар чорабинӣ сардори раёсати назорати муомилоти маводди нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротиён Дилшод иштирок намуд.

Намояндаи Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротиён Дилшод бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба вазъи имрӯзаи паҳншавии маводди нашъаовар, омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ин падидаи номатлуб ва паёмадҳои сангини иҷтимоиву ҳуқуқии он ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки нашъамандӣ на танҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад, балки боиси афзоиши ҷинояткорӣ, косташавии неруи зеҳнӣ ва заъфи пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Мавсуф бо такя ба таҷрибаи амалии фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт таъкид кард, ки солҳои охир ҳолатҳои қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бештар бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир сурат мегиранд, ки ин аз ҳар як ҷавон ҳушёрӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд. Ҳамзамон, мисолҳои мушаххас аз амалияи тафтишотӣ ва судӣ оварда шуданд, ки оқибатҳои ҳуқуқии даст задан ба чунин кирдорҳо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ва доғи судиро нишон медиҳанд.