Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Имрӯз, 8 – уми октябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодони кафедраи забонҳои хориҷии факултети дипломатия ва сиёсати Академия даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Дар даври аввали олимпиада, 20 нафар донишҷӯён аз фанни забони англисӣ ва 9 нафар аз фанни забони русӣ иштирок намуданд.

Тавре мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Тахмина Сатторзода иттилоъ дод, ҳадафи озмун муайян намудани чеҳраҳои нодири забондон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои байналмиллалӣ мебошад.