Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини аввали ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерал-майор Одиназода Мусо Неъмат, муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Эмомализода Фариддун Эмомалӣ, инчунин кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории вохӯрии мазкур фаҳмонидани муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, баррасии масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ва боло бурдани сатҳи ҳувиятшиносии насли ҷавон арзёбӣ гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ректори Академия Даврон Сафарзода иброз дошт, ки уҳдадории ҳарбӣ уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар равона гардидааст. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд ин рисолати муқаддасро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллат иҷро намоянд.
Баромадкунандагон инчунин доир ба такмили қонунгузорӣ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, имтиёзҳои давлатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон андешаронӣ карданд.
Қайд гардид, ки дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир ҷавонон бояд зираку ҳушёр, донишманд ва дорои иродаи қавӣ бошанд, то тавонанд Ватан ва миллати худро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо эмин нигоҳ доранд. Муборизаи қотеъона бар зидди зуҳуроти номатлуб, аз қабили хушунат, ифротгароӣ, терроризм ва дигар падидаҳои манфӣ, вазифаи шаҳрвандии ҳар як ҷавони худогоҳ маҳсуб меёбад.
Ҳамин тавр, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, болоравии донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солими насли ҷавони кишвар мусоидати фаъол менамояд.


