Бахшида ба 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ, дар якҷоягӣ бо магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ба қисми ҳарбии 0104-и отряди сарҳадии Турсунзодаи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода боздиди расмӣ анҷом дода шуд.
Қобили зикр аст, ки ин ташаббус дар пайравӣ ба ҳидоятҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон ва дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти мамлакат ба шароити хизмату зиндагии ҳомиёни Ватан роҳандозӣ гардида, ҳадафи он таҳкими ғамхорӣ ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Ҳадафи асосии роҳандозии ин иқдом арҷгузорӣ ба хизмату фидокории афсарону сарбозон, таҳкими робитаҳои маънавӣ миёни ҷавонони ояндасози кишвар ва ҳомиёни марзу буми Ватан, инчунин шиносоии наздик бо шароити хизмат ва фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ буд.
Зимни мулоқот магистрантони "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" бо шароити зисту хизмат, сатҳи омодагии ҷангӣ ва имкониятҳои моддию техникии қисми ҳарбӣ ошно гардида, бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини амнияту суботи кишвар вазифаи муқаддас буда, нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойдории сулҳу оромӣ басо муҳим мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби магистрантони "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳо ва суханрониҳои табрикотӣ ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшиданд. Иштирокчиён хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати ҷашни касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, неруи матин ва муваффақиятҳои нав дар иҷрои рисолати пуршараф орзу намуданд.
Афсарону сарбозон, дар навбати худ, барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии маънавӣ изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки ташаббусҳои Раёсати Академия ва шуъбаи тайёркунии касбӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ нақши муассир доранд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ анҷом ёфта, ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва боло бурдани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намуд.


