Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди 33-юмини Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва бошукуҳ баргузор гардид. Ҳамоиши идона дар фазои ифтихору ватандӯстӣ сурат гирифта, аҳли толорро рӯҳияи баланди миллӣ фаро гирифта буд. Дар чорабинӣ роҳбарияти Академия, устодону донишҷӯён, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва меҳмонони расмӣ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас суханрониҳои табрикотии роҳбарияти муассиса ва меҳмонони даъватшуда ироа шуданд.
Нахуст ректори Академия н.и.п., дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрик гуфт. Мавсуф таъкид дошт, ки таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, онҳо ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа нақши калидӣ мебозанд. Зикр гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Сипас муовини сардори шуъбаи мудофиаи ҳудудии Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Амиршозода Сайдаҳмад Одина суханронӣ намуда, Артиши миллиро яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ арзёбӣ кард. Номбурда аз марҳилаҳои ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои ҳассоси таърихӣ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар таҳкими сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, насли наврас бояд дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ тарбия ёбад.
Дар рафти чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ устодону кормандони Академия барои фаъолияти пурсамар, саҳмгузорӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва таҳкими ҳамкориҳо бо сохторҳои низомӣ Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносии хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаи онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин бахши фарҳангии чорабинӣ таҳти унвони “Мардони паси сангар” бо иштироки дастаи ҳаваскорони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия ва ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳо дар васфи Ватан, саҳнаҳои тарбиявӣ ва намоишҳои ҷолиб ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, ҳисси ифтихор аз давлату миллатро дар қалби ҳозирин тақвият доданд.
Таҷлили бошукӯҳи ин санаи таърихӣ дар Академия бори дигар собит сохт, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан ва эҳтиром ба ҳомиёни марзу буми кишвар дар меҳвари сиёсати тарбиявию маърифатии муассиса қарор дошта, тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он ба ҳисоб меравад.


