Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва заноне, ки дар захираи кадрҳои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд, аз рӯйи барномаи “Малакаи роҳбарӣ” оғоз гардид.
Маросими ифтитоҳи курс дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ баргузор шуд. Дар он ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина, муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Суннатулло ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ Сайдаҳмадзода Дилором иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа ва ҷалби фаъолонаи онҳо ба идоракунии давлатӣ пайваста тақвият меёбад. Ташкили чунин курсҳо заминаи мусоид фароҳам меорад, то занони соҳибтахассус малакаҳои муосири роҳбарӣ, идоракунии самаранок, қабули қарорҳои стратегӣ ва рушди захираҳои инсониро аз худ намоянд.
Барномаи “Малакаи роҳбарӣ” мавзуъҳои мубрами фаъолияти идоракуниро дар бар гирифта, аз ҷумла масоили банақшагирии стратегӣ, технологияҳои муосири идоракунӣ, коммуникатсияи касбӣ, этикаи хизматчии давлатӣ, идоракунии вақт, рушди қобилиятҳои шахсӣ ва ташаккули малакаҳои кор бо дастаҳоро фаро мегирад. Дар доираи курс ҳамчунин баргузории машғулиятҳои интерактивӣ ва мубодилаи таҷриба пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳадафи асосии ташкили курси мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, тақвияти малакаҳои роҳбарӣ ва омода намудани занони болаёқат барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ мебошад. Ин иқдом ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии баробарии гендерӣ ва таҳкими нақши занон дар низоми хизмати давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Интизор меравад, ки иштирокчиён пас аз анҷоми курс донишу таҷрибаи андӯхтаро дар фаъолияти минбаъдаи худ самаранок истифода намуда, дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.


