Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6Д.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Ализода Тоҳир Назирмад баргузор гардид.
Ализода Тоҳир Назирмад рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои рушди бозори меҳнат ва танзими шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Комилов Сироджиддин Ҷалолиддинович, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.12 – Иқтисодиёти меҳнат бомуваффақият ҳимоя намуд.
Зимни ҳимоя диссертант зикр намуд, ки дар шароити муосири рушди иқтисоди миллӣ нақш ва ҷойгоҳи бозори меҳнат дар таъмини шуғли самаранок беш аз пеш меафзояд. Раванди таъмини ҳифзи манфиатҳои иштирокчиёни бозори меҳнат ва танзими самараноки он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти молиявию иқтисодии давлат муқаррар гардидааст.
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҷӯро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиаш барору муваффақият таманно менамоянд.


