Аз рӯи барномаи мазкур дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ курси такмили ихтисос барои хизматчиёни ҷавони дар захира кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ноиби якуми ректори Академия оид ба таълим н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Фирдавс Асадулло ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок намуда, доир ба аҳаммияти барнома суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки рушди низоми идоракунии ҳайъат яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки дар шароити муосир такмили дониш ва малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, банақшагирии стратегӣ, арзёбии фаъолияти кормандон ва татбиқи усулҳои муосири менеҷмент, талаботи замон мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи чунин курсҳо ба баланд гардидани сатҳи масъулиятшиносӣ, ташаккули фарҳанги идоракунии муосир, таҳкими интизоми хизматӣ ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ мусоидат менамояд. Барнома бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами миллӣ ва байналмилалӣ таҳия гардида, ба рушди салоҳиятҳои роҳбарӣ ва идоракунии ҳайъат равона шудааст.
Курси мазкур то 28-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар фарҷом ба хатмкунандагон гувоҳномаҳои намунаи муқарраршуда тақдим карда мешаванд.


