Таҳти чунин унвон, 7-уми марти соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Ба ин муносибат, толори Академия қабои идона ба бар намуда, саҳнаи он бо лавҳаҳои ҷашнӣ ороиш дода шуданд. Махсусан, тасвири лавҳаҳои рӯймол ва гарданбанди модари тоҷик гувоҳӣ аз фарҳанги ниёгони миллӣ ва рамзи иффату назокати зани тоҷикро таҷассум менамуд.
Ректори Академия Сафарзода Даврон Ҷурахон ва ноибони ректор бонувонро бахшида ба Рӯзи модар самимона табрику муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки ин рӯзи муборак, ки дар оғози фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, рамзи эҳёи табиат, шукуфоии зиндагӣ ва таҷассумгари меҳру муҳаббати беинтиҳои модар мебошад. Чунонки баҳор ба табиат рӯҳу таровати тоза мебахшад, модар низ бо меҳри гарму муҳаббати самимии худ ба зиндагии инсон маъно ва нуру гармӣ мебахшад.
Гуфта шуд, ки модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи муҳаббат, мактаби аввалини тарбия ва нахустин омӯзгори фарзанд мебошад. Ҳар як инсон нахустин сухани меҳр, аввалин қадамҳои зиндагӣ ва аввалин дарси одамиятро маҳз аз модар меомӯзад. Аз ҳамин сабаб дар фарҳанги мардуми мо мақоми модар ҳамеша воло ва муқаддас шуморида шудааст.
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон тадбирҳои муҳимро амалӣ менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки бонувони Академияи мо низ дар радифи занону бонувони кишвар дар пешрафти илму маориф ва тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда доранд. Онҳо бо фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносии баланд дар тарбияи ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва соҳибмаърифат саҳми назаррас мегузоранд, иброз гардид зимни суханронии масъулини Академия.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, аз номи раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон як қатор бонувони Академия бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, ба хотири болидарӯҳии бонувони Академия барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Сафинаи роз” пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки барномаи фарҳангӣ иборат аз таронаҳои дилнишин, қироати шеъру ҳикматҳои бузургон, ки маҳз ба мақому манзалати зан-модар бахшида шуда буданд, писанди иштирокчиёни чорабинӣ гардид.


