Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Биҳишти ҷовидон хоҳӣ, бирав хидмат ба модар кун» ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-модар, тарғиби арзишҳои оиладорӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтирому муҳаббат нисбат ба модар дар байни ҷавонон буд.
Нахуст дар даромадгоҳи марказ иштирокдорони ҳамоиш — бонувони фаъоли Академияро бо гулҳои тару тоза ва номаҳои табрикотӣ пешвоз гирифтанд, ки ин иқдом фазои гарму идона ба чорабинӣ бахшид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултети дипломатия ва сиёсат, номзади илмҳои таърих, дотсент Маҳмадзода Убайдулло Давлат оғоз гардид. Мавсуф дар суханронии худ нақши модарро дар тарбияи фарзанд, таҳкими арзишҳои инсонӣ, ҳифзи суннатҳои миллӣ ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки эҳтиром ва қадршиносии модар аз муҳимтарин арзишҳои маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Сипас сардори раёсати корҳои тарбиявии Академия Мавзуна Шарипова иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, нақши занону модарон дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст ниҳоят бузург аст.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор маърузаҳои ҷолиби илмӣ ва фарҳангӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Мирзошарифзода Иброҳим дар мавзуи «Фидокории зан – модар дар таҳким ва рушди фарҳанги миллӣ» суханронӣ намуда, саҳми занону модаронро дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, тарбияи насли солим ва таҳкими пояҳои фарҳангии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ Додихудоев Р. бо маърузаи «Модар – сафобахши зиндагӣ» баромад намуда, нақши модарро дар ташаккули шахсият, рушди ахлоқӣ ва камолоти маънавии инсон шарҳу тавзеҳ дод.
Дар рафти чорабинӣ муовини декан оид ба илм ва инноватсия Арабзода Ф.Х. низ дар мавзуи «Саҷда кунам баъд аз Худо, бар кафи пойи Модар» андешаҳои пурмуҳтаво баён намуда, аз мақоми волои модар дар фарҳангу адабиёти тоҷик ёдовар гардид.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш низ хеле ҷолиб баргузор гардид. Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ Қурбонзода Бахтиёр бо барномаи «Васфи Модар» ҳозиринро шод гардонд. Ҳамчунин донишҷӯи курси якум Ниятқабулова Шукрона шеъре бахшида ба модар қироат намуда, эҳсоси самимии иштирокчиёнро бедор кард.
Дар анҷоми чорабинӣ корманди шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои Академия Амирҷон Муродов суруди «Модар»-ро иҷро намуда, фазои идонаро боз ҳам гарму пурмуҳаббат гардонид.
Ҳамоиш бо сухани ҷамъбастии декани факултети дипломатия ва сиёсат Маҳмадзода У.Д. анҷом ёфта, таъкид гардид, ки гиромидошти модар ва эҳтиром ба зан-модар яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад ва чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим доранд.
Ҳамоиш дар фазои гарму идона баргузор гардида, дар хотири иштирокдорон таассуроти нек ва фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.
НАУЧНО-ЛИТЕРАТУРНАЯ КОНФЕРЕНЦИЯ, ПОСВЯЩЁННАЯ ДНЮ МАТЕРИ
В Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан по инициативе факультета дипломатии и политики состоялась научно-литературная конференция под названием «Если желаешь вечного рая - служи своей матери», посвящённая Дню матери. Основной целью мероприятия стало выражение уважения и признательности женщине-матери, популяризация семейных ценностей и воспитание у молодёжи чувства любви и почтения к матери.
В начале мероприятия у входа в центр участниц конференции - активных женщин Академии торжественно встречали с букетами свежих цветов и поздравительными открытками, что придало событию особую праздничную атмосферу.
Конференция началась вступительным словом декана факультета дипломатии и политики, кандидата исторических наук, доцента Махмадзода Убайдулло Давлата. В своём выступлении он подчеркнул важную роль матери в воспитании детей, укреплении человеческих ценностей, сохранении национальных традиций и развитии общества, отметив, что уважение и почитание матери является одной из важнейших духовных ценностей таджикского народа.
Затем начальник управления воспитательной работы Академии Мавзуна Шарипова поздравила участников с Днём матери и отметила, что мать является источником любви и заботы, символом чистоты, терпения и огромной духовной силы общества. По её словам, роль женщин и матерей в воспитании образованного и патриотичного поколения чрезвычайно велика.
В продолжение конференции были представлены интересные научные и культурные доклады. В частности, доцент кафедры дипломатии и международных отношений Мирзошарифзода Иброхим выступил с докладом на тему «Самоотверженность женщины-матери в укреплении и развитии национальной культуры», подчеркнув важный вклад женщин и матерей в сохранение национальных ценностей, воспитание здорового поколения и укрепление культурных основ общества.
Также заведующий кафедрой таджикского языка и делопроизводства Додихудоев Р. выступил с докладом «Мать — источник света и благополучия жизни», в котором подробно раскрыл роль матери в формировании личности, нравственном развитии и духовном становлении человека.
В ходе мероприятия заместитель декана по науке и инновациям Арабзода Ф.Х. также поделился содержательными размышлениями на тему «После Бога склоняю голову перед стопами Матери», подчеркнув высокий статус матери в таджикской культуре и литературе.
Культурная часть конференции также прошла очень интересно. Студент второго курса специальности «Международные отношения» Курбонзода Бахтиёр представил художественную программу «Воспевание матери», порадовав присутствующих. Кроме того, студентка первого курса Нияткабулова Шукрона прочитала стихотворение, посвящённое матери, вызвав у участников искренние и тёплые чувства.
В завершение мероприятия сотрудник отдела культуры и развития талантов Академии Амирджон Муродов исполнил песню «Мать», что ещё больше усилило праздничную и тёплую атмосферу мероприятия.
Конференция завершилась итоговым словом декана факультета дипломатии и политики Махмадзода У.Д., который подчеркнул, что почитание матери и уважение к женщине-матери является одной из важнейших ценностей национальной культуры таджикского народа, а подобные мероприятия играют значительную роль в духовно-нравственном воспитании молодого поколения.
Мероприятие прошло в тёплой и праздничной атмосфере, оставив у участников приятные и незабываемые впечатления.


