Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД…

Бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили Рӯзи модар дар муассиса аксияи табрикотии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ин иқдом арҷгузорӣ ба мақому манзалати зану модар, баланд бардоштани эҳтиром нисбат ба бонувони меҳнатдӯст ва таҳкими фазои эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ дар муҳити корӣ буд.

Дар доираи аксияи мазкур ба омӯзгорони собиқадор, кормандон ва фаррошони муассиса варақаҳои табрикотӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» бо шиори «Рӯзи модар муборак бод!» тақдим карда шуданд. Дар ин варақаҳо панду андарзҳои бузургон, ҳикматҳои пурмазмун ва намунаҳои ашъори шоирони маъруф дар васфи зану модар гирдоварӣ гардидаанд.

Иштирокчиёни аксия бо эҳсоси гарми эҳтирому қадршиносӣ аз хизмату заҳмати занону модарон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки модар сарчашмаи зиндагӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва асоси пойдории оилаву ҷомеа мебошад. Маҳз бо меҳру тарбияи модар насли солиму соҳибмаърифат ба камол мерасад ва ҷомеа рушд меёбад.

Ин иқдоми рамзӣ аз ҷониби бонувони муассиса бо рӯҳияи болида пазируфта шуда, боиси шодию рӯҳбаландии онҳо гардид. Ҳамзамон чунин чорабиниҳо ба таҳкими фарҳанги эҳтиром ба зану модар ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бонувони муассиса бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамари худ дар рушди илму маориф ва тарбияи насли оянда саҳми арзанда мегузоранд.

Бояд гуфт, ки таҷлили Рӯзи модар яке аз анъанаҳои неки ҷомеаи тоҷик буда, он ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба занону модарон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.