Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ЗАН – МОДАР ДАР ОИНАИ ЭҶОДИ РОБИЯИ БАЛХӢ

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ мизи мудаввари илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Зан – модар дар оинаи эҷоди Робияи Балхӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т. Карамалишоев Карамалишо ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба ҷойгоҳи баланду арзишманди зан ва модар дар ҷомеа, инчунин аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-маърифатӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки гиромидошти мақоми зану модар ва омӯзиши мероси гаронбаҳои шахсиятҳои барҷастаи фарҳангу адабиёт, аз ҷумла Робияи Балхӣ, дар тарбияи маънавии ҷомеа ва боло бурдани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.

Дар чорабинии мазкур сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.т. Ҷобирзода Р., сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ Ғоибзода М., устодону кормандон ва магистрантони бахши хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, доир ба ҷойгоҳ ва мақоми зан ва модар дар ҷомеа, инчунин нақши бонувон дар рушду такомули фарҳанг ва адабиёти тоҷик ибрози андеша карданд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки симои зан-модар дар осори шоирони классикӣ, аз ҷумла дар ашъори Робияи Балхӣ, бо меҳру муҳаббат, покдоманӣ, садоқат ва неруи баланди маънавӣ тасвир ёфтааст. Зикр гардид, ки Робияи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин бонувони шоири адабиёти форсу тоҷик дар таърихи фарҳанги миллӣ мақоми арзанда дошта, мероси адабии ӯ то имрӯз илҳомбахши наслҳо мебошад.

Дар ҷараёни мизи мудаввар устодон ва магистрантон маърузаҳои худро пешниҳод намуда, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Робияи Балхӣ, инчунин бозтоби симои зан ва модар дар осори ӯро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Баромадкунандагон ҳамчунин таъкид карданд, ки осори Робияи Балхӣ дар ташаккули фарҳанги маънавии ҷомеа ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ иштирокчиён доир ба нақши зан-модар дар тарбияи насли солим, таҳкими арзишҳои маънавӣ ва рушди ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва гиромидошти мақоми зану модар дар ҷомеа аҳамияти хоса дорад.