Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар курси сайёри такмили ихтисос дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ оид ба уҳдадории ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи нақша-ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ба анҷом расид.
Дар маросими ҷамъбасти курс намояндагони роҳбарияти Академия, масъулони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёни курс иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти уҳдадории ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, инчунин таҳкими иқтидори мудофиавии давлат яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ дар шароити муосир аҳамияти махсус дорад.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиёни курс бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, нақши мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ва масъалаҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон шинос гардиданд. Инчунин дар доираи курс машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, мубоҳисаҳо, таҳлили ҳолатҳои мушаххас ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ баргузор гардиданд, ки ба такмили дониш ва малакаҳои касбии иштирокчиён мусоидат намуданд.
Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи касбият, тақвияти малакаҳои идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро тавассути омӯзиши пайваста ва такмили дониш метавон дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни курс барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно карда шуд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки дониш ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо дар фаъолияти хизматӣ барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти уҳдадории ҳарбӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.


