Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ «ФАКУЛТЕТ БО ФАКУЛТЕТ» ВА «КУРС БА КУРС» ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025–2026

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2025 таҳти №805, мулоқоту вохӯриҳои судманд миёни донишҷӯён бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили муҳими таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» дар доираи нақшаи чорабиниҳои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 бо иштироки намояндагони сохторҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни Академия баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Гулзод Махкам Ҷумъа – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Абдусамадзода Мирзошариф – намояндаи Шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ниёзов Баракатулло – намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, инчунин намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақоми зан дар ҷомеа, фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили терроризм ва экстремизм, омӯзиши ғайриқонунии динӣ, нашъамандӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Зеро ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо вобастагии калон дорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар самти татбиқи ин ҳадафҳо нақшаи муштараки баргузории силсилаи вохӯриҳои намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни Академия роҳандозӣ гардидааст, ки ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат менамояд.

Таъкид карда шуд, ки ватандӯстӣ яке аз сифатҳои муҳими инсон ба шумор рафта, дар замони муосир он на танҳо дар сухан, балки дар рафтору кирдор, муносибат ба ҷомеа, эҳтиром ба қонун ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир мегардад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи суботу амнияти давлат, ободии Ватан ва рушди ҷомеа аз ҳар яки онҳо вобаста мебошад.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, инчунин озмуну маҳфилҳои маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳамаи ин ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.

Вазифаи асосии мо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳо, фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон насли босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯстро ба камол расонид, ки барои рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии онҳо вазифаи умумии тамоми ҷомеа буда, ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа дар ин самт аҳамияти ҳалкунанда дорад.