Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ РАШИД АЛИМОВ ДАР XIII ФОРУМИ ҶАҲОНИИ БОКУ

13 марти соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон XIII Форуми ҷаҳонии Боку таҳти унвони «Пайвастани ихтилофҳо дар ҷаҳони тағйирёбанда» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши мазкур ходимони давлатӣ, дипломатҳо, муҳаққиқон ва коршиносон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд дипломати шинохта, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Алимов иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва аҳамияти долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар таҳкими робитаҳои байни қитъаҳо андешаронӣ намуд.

Зимни суханронии худ номбурда таъкид кард, ки дар шароити тағйирёбандаи низоми иқтисодию сиёсии ҷаҳон долони нақлиётии Миёна тадриҷан ба яке аз масирҳои муҳим ва муассири ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни қитъаҳои Осиё ва Аврупо мубаддал мегардад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҷдиду навсозии роҳҳои оҳан, бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва таъсиси марказҳои муосири логистикӣ тадбирҳои муассир амалӣ намудаанд, ки дар натиҷа иқтидори транзитии минтақа ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Як камарбанд — як роҳ», дар рушди зерсохтори нақлиётӣ ва густариши пайвастагии иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим дорад. Дар ин замина, ташаббуси аврупоии Global Gateway низ метавонад ба такмили шабакаҳои нақлиётӣ ва таҳкими устувории долонҳои транзитӣ мусоидат намояд.

Ба таъкиди Рашид Алимов, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ бояд бар асоси принсипҳои устуворӣ, пешбинишавандагӣ ва амнияти иқтисодӣ амалӣ гардида, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.

Иштироки Рашид Алимов дар XIII Форуми ҷаҳонии Боку ҳамчун саҳми назаррас дар баррасии масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит арзёбӣ мегардад.

Манбаъ:

https://www.trend.az/business/4164729.html