Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди ҷамъбаст қарор гирифт.

Дар маросими ҷамъбасти курс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т., дотсент Карамалишоев Карамалишо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Сайдаҳмадзода Дилором иштирок намуда, аҳамияти барномаи таълимӣ, таъмини дониш ва малакаҳои касбӣ, ҳамчунин нақши омӯзиши назариявӣ ва амалӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро таъкид карданд.

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни машғулиятҳо барои шунавандагони курс аз ҷониби устодону мутахассисони варзида мавзуъҳои гуногун пешниҳод гардиданд. Онҳо дар баррасии масъалаҳои муҳимми хизмати давлатӣ, аз ҷумла шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, менеҷменти инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи технологияҳои кадрӣ саҳмгузорӣ карданд. Ҳамзамон мавзуъҳои муҳимми муосир, аз қабили сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм низ барои шунавандагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки имкон дод, дониш ва малакаҳои онҳо дар самти мубориза бо таҳдидҳои муосир тақвият ёбанд.

Шунавандагони курс имконият пайдо карданд, ки доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти хизмати давлатӣ мубодилаи афкор намуда, таҷрибаи худро ғанӣ гардонанд. Ин курс ба онҳо имкон дод, ки сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалиро баланд бардошта, малакаҳои идоракунии кадрҳо ва усулҳои муосири кор бо кадрҳоро такмил диҳанд. Ғайр аз ин, иштирокдорон бо таҷрибаи беҳтарини идоракунӣ ва усулҳои инноватсионӣ шинос гардиданд, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳамияти калон дорад.

Ҷамъбасти курс нишон дод, ки чунин барномаҳо барои рушди касбӣ ва самаранокии хизматчиёни давлатӣ нақши калидӣ доранд. Ин курс на танҳо донишҳои назариявӣ ва амалиро тақвият дод, балки барои татбиқи технологияҳои кадрӣ, такмили малакаҳои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар мақомоти давлатӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Дар фарҷом ба шунавандагони курс дар вазъияти тантанавӣ Гувоҳномаи хатми курс тақдим гардид.

Дар маҷмуъ, курси навбатии такмили ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи муфид ва фарогирро ба иштирокдорон пешниҳод намуд ва барои такмили малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва татбиқи усулҳои муосири кор бо кадрҳо заминаи боэътимод фароҳам овард.