Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

“ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ”

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти чунин унвон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба ин равандҳо таъсири манфӣ расонида, эътимоди ҷомеаро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои муассир дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафарзода Н.Ф. оғоз гардида, зимни он аҳамияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди коррупсия, инчунин нақши илму таҳқиқот дар ташаккули сиёсати самараноки зиддикоррупсионӣ таъкид гардид.

Дар идомаи мизи мудаввар маърузаҳо ва баромадҳои пурмуҳтавои намояндагони соҳа шунида шуданд. Аз ҷумла, намояндаи сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмудзода О.Ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Рустамзода Ҷ.Ю., инчунин номзадони илмҳои ҳуқуқ, дотсентон Аминов М.М. ва Ахмедов Э. оид ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ ибрози назар намуданд.

Дар баромадҳо ҷанбаҳои гуногуни муқовимат ба коррупсия мавриди таҳлил қарор гирифта, аз ҷумла роҳҳои асосии пешгирӣ ва ошкорсозии ҳолатҳои коррупсионӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, нақши маориф дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён дар фазои мубоҳисавӣ мубодилаи афкор намуда, як қатор пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили фаъолияти зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии он ироа карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин мизҳои мудаввари илмӣ-назариявӣ ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда, дар таҳия ва татбиқи сиёсати муосир ва муассири муқовимат ба коррупсия нақши назаррас мегузорад.