Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақш ва мавқеи ҷашни Наврӯз дар худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуда, ба таҳқиқу баррасии ҷойгоҳ ва аҳамияти ин ҷашни бостонӣ дар шароити давлатдории муосири миллӣ бахшида шуд.
Дар оғози конференсия аз ҷониби ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шукуҳу шаҳомати худ эҳё гардида, имрӯз ба рамзи муҳимми худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ваҳдату ҳамдилии ҷомеа ва пайванди устувори наслҳо табдил ёфтааст. Ин ҷашн на танҳо арзишҳои фарҳангиву маънавии халқро таҷассум менамояд, балки дар таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди маънавии ҷомеа низ нақши калидӣ дорад.
Зимни суханронии декани факултети дипломатия ва сиёсат, номзади илмҳои таърих, дотсент Маҳмадзода Убайдулло Давлат аҳамияти омӯзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, дар раванди ташаккули худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа махсус таъкид карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ маърузаҳои илмии олимону муҳаққиқони соҳа шунида шуданд, ки ҳар кадоме ба ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Наврӯз бахшида шуда буданд. Аз ҷумла, Қосимӣ Саъдӣ Абдуқодир, доктори илмҳои филологӣ, профессор, дар мавзуи “Ҷашни Наврӯз дар дарозои таърих” суханронӣ намуда, решаҳои таърихӣ ва марҳилаҳои ташаккули ин ҷашни куҳанро таҳлил кард.
Ҳамзамон, Ализода Баҳриддин, доктори илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи профессор, дар маърузаи худ таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни бостонӣ ва муосир” пайванди суннат ва навовариро дар мазмуну муҳтавои Наврӯз мавриди баррасӣ қарор дод.
Мирзошарифзода Иброҳим Мирзошариф, номзади илмҳои таърих, дотсент, дар мавзуи “Наврӯз ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар фарҳанги муосири тоҷик” нақши Наврӯзро дар эҳё ва рушди дигар арзишҳои миллӣ шарҳ дод.
Инчунин, Арабзода Фирӯз, номзади илмҳои филологӣ, дар маърузаи худ таҳти унвони “Наврӯз – таранумгари сулҳу дӯстӣ” ба аҳамияти маънавӣ ва тарбиявии ин ҷашн, махсусан дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, ҳамзистии осоишта ва дӯстии байни халқҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар раванди баромадҳо таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон ва густариши фарҳанги сулҳу ваҳдат нақши муассир дорад. Ҳамзамон, истифодаи васеи имкониятҳои илмӣ ва маърифатӣ ҷиҳати омӯзиш ва тарғиби арзишҳои наврӯзӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ арзёбӣ гардид.
Дар қисми муҳокимавии конференсия иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас иброз доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими робитаи илму амал, густариши ҳамкориҳои судманд байни муҳаққиқон ва сохторҳои давлатӣ, инчунин дар ташаккули сиёсати фарҳангии муосир ва баланд бардоштани худогоҳии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.


