Ҷашни Наврӯз ҳамчун яке аз қадимтарин ва муқаддастарин анъанаҳои миллӣ дар байни мардумони форсизабон ва дигар халқҳои ҷаҳон мақоми хоса дорад. Ин ҷашни фархунда рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав, покиву навсозии маънавию ҷисмонӣ ва ҳамбастагии инсон бо муҳити зист ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, дар тӯли асрҳо арзишҳои волои инсониро тарғиб намуда, мардумро ба сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Бо мақсади гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳ ва хотирмон баргузор гардид. Дар ин чорабинии идона роҳбарияти Академия, меҳмонони олиқадр, устодон, кормандон, магистрантону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, фазои хосаи идонаро ба вуҷуд оварданд.
Барномаи ҷашнӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Академияи идоракунии давлатӣ Сафарзода Даврон Ҷурахон оғоз гардид. Мавсуф дар баромади худ доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ибрози андеша намуд. Таъкид карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳу созандагӣ ва эҳёи табиат имрӯз низ аҳамияти бузурги худро нигоҳ дошта, ҷомеаро ба сӯи пешрафту ободӣ раҳнамоӣ мекунад.
“Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо талошҳои пайгирона ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз доираи як ҷашни миллӣ берун рафта, ба сатҳи байналмилалӣ баромад. Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.” - баён дошт ректори Академия.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо рангорангӣ ва мазмуннокии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Ба иштирокчиён барномаи ҷолиби театрикунонидашуда аз ҷониби шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия ва аъзоёни фаъоли маҳфилҳои он, инчунин ҳунарпешагони маҳбуби кишвар таҳти унвони “Ворисони Наврӯз” пешниҳод гардид. Барномаи мазкур бо мазмуну муҳтавои ғанӣ, суруду рақсҳои дилнишин ва иҷрои ҳунармандонаи иштирокчиён анъанаҳои деринаи Наврӯзро дар шакли муосир таҷассум намуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза ва ҷаззобияти хоса бахшид. Ҳунарнамоии иштирокчиён аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гардида, фазои идонаро боз ҳам гармтар намуд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангии ниёгон ва тақвияти ваҳдати ҷомеа нақши муҳим мебозад. Онҳо ба рушди ҷаҳонбинии фарҳангии ҷавонон ва болоравии ҳисси масъулияти онҳо нисбат ба мероси миллӣ мусоидат менамоянд.
Дар фарҷом, ғолибони озмунҳои Наврӯзӣ бо ифтихорнома ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд, ки ин ҳисси қаноатмандӣ ва завқи иштирокдоронро боз ҳам афзуд.
Чорабинӣ дар фазои идона, рӯҳияи болида ва эҳсоси ифтихори миллӣ ба анҷом расида, дар қалби иштирокчиён таассуроти нек ва хотироти фаромӯшнашаванда боқӣ гузошт.
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Академияи идоракунии давлатӣ дар сатҳи баланду шоиста баргузор гардида, ба таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг, тарбияи маънавии ҷавонон ва боло бурдани рӯҳияи онҳо мусоидати назаррас намуд.


