Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D. КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 марти соли 2026 ҳимояи рисолаи номзадии устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи таҳрир ва табъу нашр - Хуррамзода Муминшо Хуррам баргузор гардид.
Хуррамзода Муминшо Хуррам рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Мақоми сиёсати энергетикӣ дар раванди ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Комилбек Амид Ёрбек барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02. – “Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ” бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсат ва ҳайати профессору омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуррамзода Муминшо Хуррамро бо ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиашон пешравиҳо таманно менамоянд.


