Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳ ноиби якуми ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух Бозорович иштирок карда, суханронӣ намуданд. Онҳо аҳамияти барномаи таълимӣ, таъмини донишу малакаҳои касбӣ ва нақши омӯзиши назариявӣ ва амалӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро таъкид карданд.

Ҳадафи асосии курси мазкур тақвияти дониши шунавандагон доир ба мукаммал гардонидани малакаҳо ва таҷрибаи касбӣ мебошад. Ҳамзамон, модулҳои таълимӣ барои иштирокчиён имконият медиҳанд, ки онҳо бевосита дониш ва таҷрибаҳои худро дар раванди идоракунии давлатӣ, инчунин, ҳангоми пешбурди технологияҳои кадрӣ таҳким бахшад. Бинобар ин, устодони Академия давоми ҳафта бо истифода аз пешниҳоди мавзуҳои мавриди назар ба шунавандагон дарс гузашта, натиҷаи машғулиятҳоро мавриди таҳлилу баҳогузорӣ қарор медиҳанд.