Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу ҳимояи марзу буми вохӯрии судманд бо ҷавонони синни даъват баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки масъулони комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он доир шуда, ҳадафи он баланд бардоштани ҳиси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мебошад. Дар чорабинӣ сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Ҷовидон Қодир, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Абдулои Санъат, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафарбекзода Шарофиддин, комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Зоирзода Маҳмадулло, инчунин, ноиби якуми ректори Академия Одиназода Фирдавс Ҷалил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, ҳар як ҷавон бояд онро бо як эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба ватани аҷдодӣ адо намоянд. Ҳамзамон, иштирокчиён ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи навин даъват намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳимояи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои ҷавонмардона барои насли ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, масъулияти шаҳрвандӣ ба худшиносии миллӣ пайваст буда, ҷавонони меҳанпарастро мебояд, ки дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ рисолати хешро иҷро намоянд.


