Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

«ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ, АФЗАЛИЯТҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ ТАКМИЛИ ОН»

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур баррасии ҳамаҷонибаи кафолатҳои давлатӣ, афзалиятҳои стратегӣ ва дурнамои такмили вазъи ҳуқуқии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими нақши онҳо дар рушди давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии занону духтарон ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати онҳо ба ҳисоб мерафт. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамзамон зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ масъалаи устувории оила, таъмини баробарҳуқуқӣ ва рушди сиёсати гендерӣ аҳаммияти махсус пайдо намуда, ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид.

Семинар бо сухани ифтитоҳии ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев оғоз гардида, номбурда дар баромади худ таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолият яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Қайд карда шуд, ки занони тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар баробари иҷрои вазифаҳои давлатӣ рисолати муқаддаси модариро низ ба уҳда доранд ва нисбат ба ҳаёту фаъолияти онҳо аз ҷониби роҳбарияти олии давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар идомаи қисми ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Некрӯз Сафарзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа ба сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ вобастагии мустақим дорад. Мавсуф ҳамчунин ба нақши занон дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва раванди таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишора намуда, саҳми онҳоро дар таҳкими волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни семинар як қатор маърузаҳои илмӣ шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Муборакшозода Мижгона Муборакшо, мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ, дар мавзуи «Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Зикр гардид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими оила, таъмини ҳуқуқҳои аъзои он ва ҳифзи судии онҳо равона гардидааст. Ҳамчунин, Раҷабзода Равшан Муҳиддин, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, дар мавзуи «Бонувон дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосҳои ҳуқуқии татбиқи он» баромад намуда, масъалаҳои баробарҳуқуқии занон, нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва саҳми онҳо дар таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди таҳлил қарор дод. Дар идомаи чорабинӣ Расулов Фотеҳ Мирқозиевич, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, дар мавзуи «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоии бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон: таҳлили таърихию ҳуқуқӣ» маъруза пешниҳод намуда, масъалаи бисёрникоҳиро аз давраҳои гуногуни таърихӣ таҳлил карда, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии иҷтимоию иқтисодии онро баррасӣ намуд ва барои такмили қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла таҷдиди моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.

Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки натиҷаҳо ва пешниҳодҳои иброзшуда метавонанд дар рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва такмили сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо самаранок истифода шаванд. Ҳамин тавр, семинари илмӣ-назариявӣ дар фазои созандаи илмӣ баргузор гардида, бо баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои мубрами марбут ба вазъи ҳуқуқии занон, пешниҳоди хулосаҳои таҳлилӣ ва тавсияҳои амалӣ ба анҷом расид.